Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

супорида шавад, вай ба ҳунару таҷрибаи наҷҷории худ такя карда, ин корро бо осонӣ анҷом медиҳад. Айнан мисли ҳамин, шахсе ки мантиқро намедонад, ӯ мувофиқи қонунҳои ин фан фикр мекунад вале дар баъзе мавридҳо ба хатоҳо роҳ медиҳад ва сабаби хатоҳояшро намефаҳмад. Касе, ки мантиқро медонад, хатоҳои содиршударо бартараф намуда, бо камоли боварӣ дуруст фикр мекунад.

Мувофиқи ақидаи мантиқшинос Лейбниц мантиқ восита, олатест, ки даркунии инсонро пурзӯру пуркувват менамояд. Нақшакаши бад аз чунин асбоб чун ҷадвал истифода бурда, хатти ростро дуруст мекашад, вале нақшакаши беҳтарин бе ин асбоб ба ин кор муваффақ шуда наметавонад. Илми мантиқ ҳам айнан ҳамин тавр аст.

Агар мо ба қонунҳои мантиқӣ риоя карда мувофиқи он амал кунем, фикри мо муайян, равшан, возеҳ ва мунтазам мешавад, он аз зиддиятҳо озод гардида, асоснок мебарояд. Донистани мантиқ, дар вақти баҳсу мунозира рад кардани фикрҳои нодуруст ва ғалат ёрӣ мерасонад.

Ҳар як шахс, қатъи назар аз касбу кораш — хоҳ вай коргар, хоҳ деҳқон, хоҳ инженер, хоҳ олим, хоҳ муаллим, хоҳ хизматчии идораю муассиса бошад, бояд қонуну қоидаҳои мантиқиро дониста гирад.

Қонунҳои мантиқӣ дар раванди тафаккур дар ҳама соҳаҳои дониш амал мекунанд. Қонунҳои дониши хулосавӣ бояд дар ҳамаи соҳаҳои илм; математика, физика, забоншиносӣ, таърих, ҳуқуқшиносӣ ва дигар илмҳо риоя карда шаванд. Қонунҳои фанҳои ҷудогона бошанд, фақат дар соҳаи маҳдуд, яъне дар доираи масъалаҳои худи ҳамон фан амал мекунанд.

Масалан, қонунҳои грамматикаи забони тоҷикӣ танҳо ба соҳаи забони мазкур хосанд. Қонунҳои мантиқ бошанд, дар ҳама ҷо, дар он ҷое ки фикр ва фикркунӣ ҳасту дониши хулосавӣ бароварда мешавад, амал мекунанд.

Касе ки мехоҳад, бе хато ва дуруст фикр кунад, қатъи назар аз миллат, намояндаи кадом синф буданаш ва забони миллиаш ва ғайра, бояд илми мантиқро донад ва аз худ намояд.

Ҳамаи мутафаккирон, олимони замонҳои гузашта ва ҳозира ба илми мантиқ баҳои калон дода, аҳамияти онро барои баланд бардоштани маданиятнокии одамон қайд намудаанд.

Эҷодкорони таълимоти марксизм-ленинизм зарурияти дониста гирифтани қонунҳои мантиқиро борҳо таъкид кардаанд. Ф. Энгельс дар бораи таърихи философия ва фарқияти ҷиддии философияи марксистӣ ва таълимоти кӯҳнаи философӣ чунин навишта буд: «Аз тамоми философияи пештара ҳоло таълимот дар бораи тафаккур ва қонунҳои он — мантиқи шаклӣ ва диалектикӣ дорои аҳамияти мустақил мебошад» 1.

1 Ф. Энгельс, Анти-Дюринг, с. 1950, саҳ. 25.

пешина
аз 192
навбатӣ