Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

БОБИ 1

ПРЕДМЕТ ВА АҲАМИЯТИ ИЛМИ МАНТИҚ

§ 1. ВОҚЕИЯТИ МОДДӢ ВА ДОНИСТАНИ ОН

Олами моддӣ, предмет, ҳодиса, воқеаҳои сершумор ва гуногуну рангоранги ин олами моддӣ, ҳиссачаҳои гуногуни ҷисмӣ, атом, молекула, сайёра, ситора, системаи ситораҳо, растанӣ, ҳайвонот, инсон, ҷамъияти инсонӣ берун аз шуури инсон мавҷуд буда, ба он вобастагӣ надоранд. Одам ҳамеша кӯшиш менамояд, ки ин ҳодисаҳо ва предметҳои сершумор ва гуногуни олами моддии аз шуури вай берун ва ба он вобаста набударо дониста гирад. Дониш аслиҳаи тавонои инсон ва ҷамъияти инсонӣ мебошад. Тамоми комёбиҳои ҷамъият ба дониш вобаста аст.

Дониш инъикоси предмет ва ҳодисаҳои олами моддӣ дар мағзияи инсон ва шуури вай мебошад. Предмет ва ҳодисаҳои олами моддиро дар шуур инъикос намуда, дар бораи онҳо дониш пайдо кардан, бо ёрии роҳҳои муайяни ва воситаҳои гуногун ба амал меояд.

Дараҷаи аввалини дониш аз ҳиссиёт сар мешавад. Инсон бо ёрии органҳо — қувваҳои ҳиссиёт, ки онҳо панҷтоанд (чунончи: қувваи босира, сомеа, таъм, шомма, ломиса); хосиятҳо, нишонаҳои сершумору гуногуни предмет ва ҳодисаҳои конкретӣ: рангҳо — сурхӣ, сафедӣ, кабудӣ ва ҳоказо; шаклҳо — калонӣ, хурдӣ; садоҳо, ҳаҷмҳо ва ғайраҳоро дар шуури худ инъикос намуда, дар бораи онҳо дониш пайдо мекунад.

Донишҳое, ки бо ёрии органҳои ҳиссиёт — қувваҳои ҳиссиёт пайдо карда мешаванд, якчанд шакл доранд. Шаклҳои асосии ин донишҳо аз эҳсос, идрок ва тасаввур иборатанд.

Эҳсос якумин ва оддитарин шакли дониши бо ёрии органҳои ҳиссиёт пайдошаванда мебошад. Ранг, маза, шакл, ҳаҷм, садо ва дигар хосиятҳои предмет ва ҳодисаҳои дар атрофи инсон воқеъгардида ба органҳои ҳиссиёт таъсир расонида, дар шуур эҳсосро ба амал меоранд. Чунонки, одам сурхии қаламро мебинад ва дар натиҷа дар мағзияи вай оид ба ҳамон сурхӣ эҳсос пайдо мешавад ё ки аз радио суруди форамеро мешунавад

пешина
аз 192
навбатӣ