Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

§ 4. НАМУДҲОИ СИЛЛОГИЗМ

Маълум аст, ки муҳокимаҳои қатъӣ ба чор навъ: муҳокимаи умумии тасдиқӣ (A), муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ (I), муҳокимаи умумии инкорӣ (E) ва муҳокимаи ҷузъии инкорӣ (O), тақсим мешаванд. Ҳар як навъи ин муҳокимаҳоро ҳамчун муқаддимаи силлогизм ба кор бурдан мумкин аст.

Мумкин аст, ки муқаддимаи калон ва муқаддимаи хурд,
муҳокимаҳои умумии тасдиқӣ (A) бошанд, метавонанд ҳар ду
муқаддима ҳам муҳокимаҳои умумии инкорӣ (E) бошанд ва
мумкин аст, ки муқаддимаи хурд муҳокимаи умумии инкорӣ (E)
бошаду муқаддимаи калон муҳокимаи умумии тасдиқӣ (A), ё
мумкин аст ҳар ду муқаддима ҳам муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ
(I) бошад ва ҳоказо. Ҳамаи ин гуна пайвастшавии муҳокимаҳоро ба назар гирем, ҳар як шакли силлогизм аз ҳамин гуна
16 пайвастшавии муҳокима пайдо мешавад ва барои ҳамаи
чор шакли силлогизм 64 пайвастшавии муҳокима ба амал меояд. Ин пайвастшавиҳо аз инҳо иборатанд: -

  1. AA

  2. AE

  3. AI

  4. AO

  5. EE

  6. EA

  7. EI

  8. EO

  9. II

  10. IA

  11. IE

  12. IO

  13. OO

  14. OA

  15. OE

  16. OI

Намудҳои силлогизм чунин навъҳои силлогизм мебошанд, ки онҳо аз ҳамдигар бо сифат ва миқдори муҳокимаҳое, ки муқаддимаҳоро ташкил медиҳанд, фарқ мекунанд.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки аз ҳамаи ин гуна вобасташавиҳои муҳокимаҳо хулосаи дуруст баровардан мумкин нест, зеро бисёрии ин гуна вобасташавиҳои муҳокимаҳо ба қоидаҳои силлогизм зид мебошанд, ки ин қоидаҳои силлогизмро мо дар поён дида мебароем.

§ 5. ҚОИДАҲОИ СИЛЛОГИЗМ

Дуруст тартиб додани силлогизм ба якчанд қоидаҳо вобаста аст. Дар асоси дониста гирифтани ин қоидаҳо намудҳои дурусти силлогизмро ҷудо карда гирифтан мумкин аст. Қоидаҳои силлогизм аз инҳо иборатанд:

  1. Ҳар як силлогизм бояд фақат аз се термин иборат бошад.

Ин қоида аз худи таърифи силлогизм сар мезанад. Маълум аст, ки дар силлогизм муносибати байни терминҳои (S) ва М ва ҳам муносибати байни Р ва М мавҷуд аст, бояд ҳамчун хулоса муносибати байни терминҳои S ва P муайян карда шавал.

пешина
аз 192
навбатӣ