Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Шакли дуюми силлогизмро бо формулаи зерин ишора мекунем:
$\frac{P-M}{S-M}$ $S-P$
Масалан:
Ҳамаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ $(P)$ партиявӣ $(M)$ мебошанд.
Математика $(S)$ илми партиявӣ $(M)$ намебошад.
Пас, математика $(S)$ илми ҷамъиятшиносӣ $(P)$ намебошад.
Дар шакли сеюми силлогизм термини миёна дар муқаддимаи калон ва ҳам дар муқаддимаи хурд ба ҷои мубтадо меояд.
Шакли сеюми силлогизм бо формулаи зерин ифода карда мешавад:
$\frac{M-P}{M-S}$ $S-P$
Масалан:
Беҳтарин муборизони сулҳ дар ҷаҳон $(M)$ лауреати Мукофоти байналхалқии Ленинӣ $(P)$ мебошанд.
Баъзе беҳтарин муборизони сулҳ дар ҷаҳон $(M)$ ҷамоатчиёни советӣ $(S)$ мебошанд.
Пас, баъзе ҷамоатчиёни советӣ $(S)$ лауреати Мукофоти байналхалқии Ленинӣ $(P)$ мебошанд.
Дар шакли чоруми силлогизм термини миёна дар муқаддимаи калон ба ҷои хабар омада, дар муқаддимаи хурд ба ҷои мубтадо меояд.
Шакли чоруми силлогизм ба воситаи формулаи зерин ишора карда мешавад:
$\frac{P-M}{M-S}$ $S-P$
Мисол:
Ҳамаи ҷавонони пешқадами советӣ $(P)$ аъзои комсомол $(M)$ мебошанд.
Ҳамаи комсомолон $(M)$ ёрдамчиёни фаъоли партия $(S)$ мебошанд.
Пас, баъзе ёрдамчиёни фаъоли партия $(S)$ ҷавонони советӣ $(P)$ мебошанд.
Шаклҳои силлогизм чунин навъҳои силлогизм мебошанд, ки онҳо аз ҳамдигар бо мавқеи термини миёна дар муқаддимаҳо фарқ мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё