Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Сонӣ обро аз он ҷудо карда партояду равғанро ба кор баранд, ки шуста шудааст.

Шустани зифт ва монандӣ он, муми занбӯри асал, мӯмиё ва анбар он аст, ки ҳар якеро шустанӣ бошанд, батанҳои гудохта, дар оби софи нимгарм бирезанд, то он ки кудураташ таҳшин шудаи бигузоранд. Он чӣ дар рӯи об истад, бардошта гиранду вақти ҳоҷат ба кор баранд.

ФАСЛИ ШОНЗАҲУМ.

ДАР БАҲНИ ТАНКИЯИ БАДАН

Маънои танкия — баданро аз моддаҳои (хилтҳои) зарарнок пок кардан аст. Барои танкия аввал он моддаи зарарнокро, ки аз бадан дафъ карданаш зарур аст, пазонидан даркор мебошад. Дар ин мақсад моддаҳоеро, ки ғафс бошанд, чунончи, савдо ва балғам — онҳоро ба риққати (суюқӣ) мӯътадил оварда, барои хориҷ гаштанашон муҳайё бояд сохт. Вале агар моддаи матлуб аз эътидол рақиқ (суюқ) бошад, масалан, сафро — барои он, ки ба ҳар манфазҳо даромада ва пароканда нагардад, онро ба ҳолати ғафсии мӯътадил биёваранд, ки қобили ҳама якҷо аз бадан бадар рафтан гардад.

Баъд аз ин амалҳо давои мусҳил (исҳоловар) бояд дод, ки он моддаҳои зарарнокро дафъ гардонад. Мусҳил — дар тиб он давоеро меноманд, ки моддаҳоро аз рагҳо ва узвҳо фуруд оварад. Инчунин як қисми даворо мулаййин (мулоимкунанда) меноманд, ки он моддаи зарарнок дар фазои меъда, рӯдаҳо ва атрофи онҳо бошад, берун оварад.

Инак, пеш аз мусҳил давои мунзиҷ (пазонанда) додан шарт аст. Вале пеш аз давои мулаййин пазонидани модда зарурат надорад.

Бо қатъият огоҳ кунем, ки ду намуд давои мусҳилро дар як рӯз додан раво нест.

Ҳангоми ошомидани давои мусҳил сӯрохи биниро банд кардан лозим аст, ки аз бӯи нохуши он даво дилбеҷо (беҳузур) нагардад ва қай наёяд ва ҳар дуи бозуро низ маҳкам банданд. Агар дил беҷо шавад, пудинаро бо андак қаранфули гардан бӯидан — ин монеи қай мебошад. Баъди аз давои мусҳил хӯрдан то тамоман

пешина
аз 702
навбатӣ