Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ҳоҷат нест, бо ҳамон тухмиҳо бикӯбанд ва беҳтараш бо тухми беданҷир аст дар ин амал.

Агар давосеро шустан матлуб бошад, тариқаш ин аст, ки фоидаи шустан, хунук кардан ё аз чизҳои бегона, ё аз бӯи бад ва ё гармиӣ аз берун даромада холис ва соф кардан аст. Масалан, аксари давосҳои сангинчинсро монандӣ: ёқут, марҷон, лоҷвард, санги арманӣ ва дигарҳо, ки шустанаш ба санг монанд бошад, монандӣ: иклимиё, шангарф, мурдорсанг, сафедоб, гилҳо, муми занбӯри асал, зифт, сабир (алоэ), равғанҳо, савиқ (орди гандуми бирёнкарда) ва монандӣ инҳо. Тариқи ба шустан тайёр кардани сиҳо: агар давои сангҷинс бошад, дар хован бисёр махин кӯфта, об дар он рехта, бо оҳистагӣ бикованд, агар чизҳои бегонааш монандӣ ғубор бошад, ба об смехта магардад. Баъд онро оҳиста дар зарфи дигар рехта, тахшини онро боз бикӯбанд ва амали болоро такрор намоянд, ки то бо об омехта гашта, ҳамон тавр дар зарфи дигар равад. Баъд рӯи онро бо матое бипӯшонанд, ки ғуборе дохил нагардаду тахшин шавад. Сонӣ оби болои онро рехта, тахшинашро истеъмол намоянд.

Акнун шустани гилҳо. Ҳар гилеро, ки шустан бихоҳанд, дар зарфе аз болои гил об бирезанд, ки об се-чор ангушт болои он истад, тар кунад. Сонӣ аз латтаи карбос гузаронида, бигузоранд, ки тахшин шавад ва он гили тахнишастаро хушконида ба кор баранд, ки тайёр аст.

Шустани равғанҳо, ки инро китрия меноманд. Равғанеро, ки вайрон, кӯҳна ва таъмаш талх ё тез гашта бошад, тариқи нав ва тоза гардониданаш он аст, ки равғанро дар зарфе рехта, аз болояш ях ё барф бирезанд ва баъд то об шудани ях ё барф бикованд. Агар барфу ях мавҷуд набусад, бо оби хунук низ ҳамин тавр амал кунанд, хуб аст. Агар бо ин роҳ дар як дафъа равған ислоҳ наёбад, ин корро се бор такрор намоянд. Равғани гов ва гӯсфандро бо дӯғи турши гов ҷӯш диҳанд ва ҳангоми ҷӯшиданаш орди маҳини гандум бипошанд, то он ки дӯғ батамом бухор шавад, аммо эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Шустани равғани кунҷид он аст, ки онро бо намакоб бисёр барҳам зананд, яъне бикованд ва бо оташи нарм биҷӯшонанд. Баъд онро аз намакоб ҷудо кунанд ва бо оби софи холис бисёр барҳам зананд ва биҷӯшонанд.

пешина
аз 702
навбатӣ