Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мегардонад. Чун хамирмояро кӯфта, бо анори ширин сиришта бихӯранд, монандӣ шароб кайф меку- над.
Вале хӯрдани хамирмоя ба узвҳои иллатноки дар ни сина зарар мекунад. Дар ин маврид катиро бихӯ- ранд, ислоҳи зарар мегардонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз хамирмоя дар як рӯз то 60 грамм аст.
- Дорчинӣ
Ин пӯсти шохҳои дарахтест, ки маконаш асосан ҷа- зираи Сарандеб (Цейлон) мебошад ва дар ҷазираи То- кукани Дакан, инчунин Зирбод мерӯяд. Он чӣ дар ҷа- зираи Сарандеб мешавад, хубтарини навъи он аст, тундбӯй ва тундтаъм, сурхранги ширин мебошад. Ин- ро дар бозорҳои шаҳрҳои Осиёи Миёна дарёфт кардан мумкин аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Қувваташ то 15 сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдан, гузошта бастан ва бӯй кардани дорчинии кӯфтагӣ моддаҳои ғафсгаш- таро дар бадан рақиқ (суюқ) мегардонад, гиреҳҳоро мекушояд, фараҳ мебахшад, ахлоти бадбӯро мепазонад ва барои дафъ шудан тайёр месозад; тарьёки ҳамаи заҳрҳои ҳайвонӣ, наботӣ ва маъданист; ҳамаи қувват- ҳои рӯҳиро, яъне қувватҳои майна, дил ва ҷигарро, ки манбаи се қувватҳои бадан мебошанд, ҳифз мекунад, яъне нигоҳ медорад, чашмро равшан месозад, бодҳо ва моддаҳои сардмизоҷро пароканда мегардонад, ру- тубати зарарноки майнаро хушк мекунад, назлаҳои сарди тарро манъ менамояд; бемориҳои мағзи сарро, ки аз сардӣ бошанд, шифо мебахшад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, бачаро аз шиками хомҷамила меафтонад, боҳ (пушти камар)-ро қавӣ месозад, дилтапак (дилбо- зӣ), тарсончакӣ, васвос ва девонагиро шифо мебахшад; аъзои раисаро, ки дил, майна, ҷигар, меъда, гурдаҳо ва хояҳо мебошанд, қувват мебахшад, бадбӯии даҳан- ро нест мекунад, сурфаи тар ва дамкӯтоҳиро ба ибро меоварад; овози хирриро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғами шаҳшӯл бошад, мекушояд; рутубатҳои часпа- ки халаловари қасабаи шуш ва роҳи нафасро дафъ ме- кунад ва узвҳои даруни синаро аз он рутубатҳо пок мекунад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, истиско (водянка)-ро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор