Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Хамиртуруш

Ин аз орди гандум аст, ки бо равғани кунҷид ё равғани зайтун, ё равғани гов, ё буз, ё гӯсфанд ва шир ва ҷуғрот ҳар як, ки бошад, сиришта мегузоранд, то турш ва бадбӯ гардад. Баъд қадареро аз он дохили ҳамири нон менамоянд, то ки ҳамир барояд (бихезад).
Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон ҳамирмоя мегӯянд.
Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, моддаҳои ғализи баданро рақиқ мегардонад, инчунин онҳоро ронда, узвҳои баданро пок мекунад ва варамҳоро таҳлил медиҳад. Агар аз рӯ гузошта банданд, моддаҳои матлубро аз чуқурии бадан ба рӯ мекашад.
Ба ин намак омехта гузошта банданд, варамҳои сардро таҳлил медиҳад, хусусан варамҳои тағи пойро башаст мегардонад, инчунин дард ва сӯзиши тағи пойро ба зудӣ таскин медиҳад, пучакҳоро пазонида мекафонад, дарди дандонро низ сокин мекунад.
135 грамм обе, ки дар он 17,5 грамм ҳамирмояи камнамак ҳал карда, бо ду грамм решаи сӯхтаи най, баробари ин сӯхтаи реша, шакар, ним грамм заъфарон андохта бихӯранд, хумор, ташнагӣ ва тафси баданро дафъ мекунад. Агар ба таркиби мазкур 9 грамм сирко изофа намоянд, барои сурфае, ки аз ҷамъ шудани сафро ба амал омада бошад ва инчунин сабаби сурфа моддаҳои сӯхта бошад, дармон мешавад.
Чун як ҷузъ оби наъноъ, як ҷузъ ҳардал (горчица), се баробари ҳар дуи ин ҳамирмоя изофа намуда, дар даҳ баробар вазни ҳамаи ин об биҷӯшонанд, то об ба нисф расад. Баъд онро соф намуда, бо нисф вазни он асал ба қивом оварда бихӯранд, ҳозимаро ба дараҷае қавӣ мегардонад, ки сабр натавон кард ва меъдаро аз моддаҳои сӯхта пок месозад балғамро дафъ мекунад, боҳ (пушти камар)-ро ба ҳаракат меоварад.
Ҳар гоҳ баъд аз давои боҳ дарҳол бинӯшанд, бағоят зуд таъсир мекунад.
Ҳамирмояро дар об ҳал карда, ба ин таркиб чорьяки он равғани бунафша даромехта, ғарғара кунанд, варами ҳалқумро таҳлил медиҳад. Ва агар ҳамирмояро бо ҳино, намак ва равған сиришта гузошта банданд, ҳамаи сахтиҳои азимро, ки аз сиҳат шуданаш ноумед гашта бошанд, ба хубӣ таҳлил медиҳад ва мулоим

пешина
аз 702
навбатӣ