Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
қабзиятдор мебошад. Сирко аз се чиз таркиб ёфтааст:
- Бинобар мизоҷи гарми оташӣ доштанаш, гиреҳҳои баданро мекушояд ва ба чуқуриҳои бадан ҳаракат мекунад. 2. Бинобар мизоҷи сарди хокӣ доштанаш қабзият пайдо мекунад. 3. Аз боиси моддаи обӣ сарди тарӣ доштанаш бо ҳамаи дигари хислатҳояш ғолиб буда, асабҳоро суст ва заиф мегардонад.
Хислатҳои шифобахши он: хусусияти қабз ва хушккунандагӣ дорад, зуд таъсирбахш ва расонандаи қуввати давоҳо ба узвҳои гуногуни бадан мебошад, моддаҳои ғафс ва ғализро пароканда менамояд.
Агар инро бо равғани зайтун ё бо равғани гулисурх даромехта бимонанд, дарди сари гарм ва дарди сари аз расидани офтоб бошад, таскин медиҳад ё дарди саре, ки аз зиёд шудани хилти сафро ё аз ҷамъ омадани бухороти гарм ҳодис шуда бошад, ё дар ҳаммоми гарм сар ба дард ояд, шифо мебахшад. Агар латтаеро ба ин таркиб тар карда, ба сар гузоранд низ, ҳамин асарро дорад.
Агар сиркоро батанҳои бибӯянд, бастагии сари биниро мекушояд, назлаи гармро мебандад, дарди сари гармро таскин медиҳад ва майнаи гарммизоҷро қувват мебахшад. Агар бо равғани бодоми ширин ва ё равғани гулисурх, гулоб, оби бодиринг даромехта бибӯянд, дарди сари гармро таскин медиҳад, варами майна ва пардаи онро таҳлил медиҳад, хазён гуфтанро барҳам медиҳад. Агар сиркоро ҷӯшонида, бухорафро ба дарун бикашанд, бемориҳои номбурдаро шифо мебахшад ва бастагии сӯрохи биниро мекушояд. Ҳамчунин сиркоро ба хишти пухта ё санги тафсон бирезанд ё ки сангреза ва хишти пухтаи тафсонро дар он андохта, бухори онро бигиранд, бемориҳои дар боло зикрёфтаро ба ибро меоварад.
Чун як вазн сирко, ду вазн об, каме шакар дар кӯзаи сафолӣ рехта, даҳанашро бо сарпӯше маҳкам карда, атрофи даҳани онро бо хамири орди мош гирифта, каме ҷӯш диҳанду сарпӯши кӯзаро андак кушода, бухори онро бар варами гулӯ ва ҳалқ расонанд ва баъд аз се соат таркиби даруни кӯзаро аз нав карда, бо ҳамин усул бухори онро бигиранд, дар се-чор маротиба варами ин узв таҳлил меёбад.
Сиркоро бо асал даромехта бимоланд, кабудии зери чашмро дур мекунад, хуни мурдаи таги пӯстро низ пароканда месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор