Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

якум тар аст, вале мизоҷи гулангабин дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ҳар ду навъи он майна ва меъдаро қувват мебахшад, рутубатҳои бегонаи ин ҳар ду узвро хушк мекунад ва намегузорад, ки бухорҳои зарарнок ба мағзи сар бароянд, хусусан аз болои таом бихӯранд, ин феълаш қавитар зоҳир мегардад. Гулангабин барои одамони сардмизоҷ, пирон ва инчунин ба касоне, ки рутубат дар майнаашон бисёр бошад, нафъи хубе дорад. Хӯрдани гулангабин барои бемориҳои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), дарди буғумҳо, никрис (подагра) шифо мебахшад; сангҳои гурда ва ҳиҷакро майда карда меренонад ва душвор шошиданро ба ислоҳ меоварад.

Хӯрдани гулканд барои одамони гарммизоҷ ва ҷавонон форам аст, иллатҳои васвос ва девонагиро шифо мебахшад.

Қуввати гулангабин то чор сол ва қуввати гулканд то ду сол боқӣ мемонад.

  1. Хушоб

Ин оби меваҳоест, ки дар об бо шакар ҷӯшонида
шуда бошад, инро ба русӣ компот меноманд.

Мизоҷи ҳамаи хушобҳо латифтар аст аз худи меваашон.

Хислатҳои шифобахши он: хусусияти ҳар яке ба он,
ки аз он тайёр карда мешавад, хос аст. Масалан, хушоберо, ки аз олуболу тайёр карда бошанд, биёшоманд, шиддати ташнагиро мешиканад, тафти баданро
таскин медиҳад, моддаи дар бадан сӯхтаро ислоҳ мекунад ва дарди сипурзро дафъ месозад. Агар инро аз
биҳӣ тайёр карда бошанд, узвҳои раисаро, яъне дил,
майна, ҷигар, меъда, гурда ва ҳояҳоро қавӣ мегардонад; инчунин ҳар сеи рӯҳро, яъне рӯҳи нафсонӣ, ки ин
қувват вобаста ба мағзи сар аст, рӯҳи ҳайвониро, ки
ин қувват вобаста ба дил аст ва рӯҳи табииро, ки ин
қувват вобаста ба ҷигар аст, қувват мебахшад; инчунин қуввати ҳозимаро, ки вобаста ба ҳоли узвҳои ҳозима (меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз) аст, зиёда мегардонад ва бӯйҳои бади моддаҳои баданро дафъ мекунад. Агар хушобро аз себ ҳосил намоянд, дилтапак

пешина
аз 702
навбатӣ