Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
(мурда барин беҳаракат мондан), фолич, қаҷ шудани рӯй, сусту нотавон гаштани узвҳо, ларзак, қарахтӣ ва монанди инҳоро нафъ дорад; инчунин, майна, асабҳо ва қувватҳои ин аъзоро мустаҳкам мегардонад.
Хуллас, ин давои азим-ун-нафъи бисёрхислат барои аксари бемориҳо, хусусан барои иллатҳои аз сардиву тарӣ ба амаломада батанҳоӣ ва ё бо давоҳои муносиб ҳамроҳ намуда, ҳар иллатро шифо мебахшад, хоҳ ба дарун истеъмол кунанд, хоҳ гузошта банданд ва хоҳ бимоланд. Ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки 120 беморӣ ва иллатҳои асосӣ, ки аз сардӣ бошанд, аз истеъмоли чадвор наҷот меёбанд ва барои бемориҳои аз гармӣ баамаломада бо шарбат, шаробҳо ва обҳои гиёҳҳои сардмизоҷ даво мешавад.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи хушкаш дар як рӯз аз 0,25 то 2 грамм аст. Ҳангоми истеъмолаш ба дарун синну сол, мизоҷи бемор, ҳарорати ҳаво ва фаслҳои солро риоя кардан шарт аст. Зеро мизоҷи ин гарм мебошад, аз ин боис дар фасли гармо миқдори кам бояд ошомид. Аммо аз қивомаш миқдори як бор ошомидан аз миқдори донаи арзан то ба андозаи донаи гандум аст, инчунин барои қувват бахшидани боҳ, модом ки барои ин як бор ҳамагӣ мехӯранд, то ба миқдори ду донаи гандум кифоя аст; барои бемории истиско ҳар рӯз ду-се маҳал ба андозаи донаи гандум истеъмол тавон кард.
Агар чадвор ёфт нашавад, ба ҷои ин барои бемориҳои аз сардӣ рӯйдиҳанда тарьёқи форуқ (таръёқи кабир)-ро, ки аз 62 даво таркиб меёбад, баробари вазни чадвор истеъмол кардан мумкин аст.
Огоҳ намоем, ки хӯрдани чадвор ба одамони гарммизоҷ ва гарму хушкмизоҷ зарар дорад: дарди сар меоварад, дар рӯдаҳои онҳо реш ва захм пайдо мекунад. Агар ин тавр зиён кунад, сиканҷабин, шири навлӯшидаро, ки оҳани тафсонро дар он сард карда бошанд, инчунин бо оби ҷав ва оши ҷав истеъмол намоянд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
-
Гулисурх
-
Беҳтарин гулисурх барои атр гирифтан гулбаргҳои калон-калон, рангин, бисёр хушбӯй. Бо таъми талхи андак ширинидори он аст, ки ин гулисурхи қадими

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор