Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ба миқдори донаи ҷуворимакка ҷадворро бо шароб бихӯранд, захри морхон каттол, захри каждум (ҳатто каждуми ҷаррораро, ки аз камоли қуввати захр думашро кашида меравад), захри ғунда ва дигар ҳайвонотро дафъ мекунад, инчунин захри бишро, ки аз гиёҳҳои каттолтарин аст, нест менамояд. Агар ҳар рӯз ба андозаи донаи биринҷ се маҳал аз қивоми ин бунёшоманд, дард ва варамҳои ботиниро дафъ мекунад, исҳолро мебандад.
Ҳар рӯз донаи гандум барин аз қивоми ин бо гулоб то 7 ва 10 рӯз, ё бо шароб, ё бо шарбати абрешим ва ё бо шарбати говзабон биёшоманд, дилро хурсанд ва сустии ин узвро дафъ мекунад; дилтапак (дилбозӣ) ва фишурда шудани дилро, ки хусусан аз сардӣ бошад, шифо мебахшад, инчунин ваборо дар рӯзҳои вабо дафъ мекунад. Агар ин миқдор ҷадворро батанҳои ё бо гулоб бихӯранд, дарди буғумҳоро таскин медиҳад ва ба ибро меоварад; агар бо гулоби гарм бихӯранд, дарди меъдаро таскин медиҳад; бо андозаи биринҷи онро бо сиканҷабин биёшоманд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд; ин миқдор қивоми онро бо шираи сагангур ё бо шираи тухми қоснӣ чанд рӯз биёшоманд, гиреҳи мосориқоро мекушояд (мосориқо — мӯрагҳое мебошанд, ки бо воситаи онҳо ғизои ҳазмёфта аз рӯдаҳо ба ҷигар кашида мешавад), истискоро шифо мебахшад.
Ҳар рӯз се маҳал донаи гандум барин аз қивоми ҷадвор то даҳ рӯз бихӯранд, сангҳои гурда ва ҳичакро ҳар навъ, ки бошанд, майда карда мерезонад; бо шираи сагангур ва ё бо шираи хори хасак биёшоманд, пешоби бандшударо мекушояд; бо шираи тухми бодиринг ё бо шираи хори хасак бихӯранд, кулинҷи бодиро дафъ мекунад; агар инро бо обе, ки дар он пудина, арпабодиён ва сагангур ҷӯшонида шуда бошад, то ҳафт рӯз бихӯранд, ҳамаи навъҳои таби балғамӣ ва таби дурӯздармиёнро дафъ мекунад.
Вақте ки душвории дарди таваллуди зан наздик расад, ба миқдори донаи гандум аз қивоми ҷадвор бо оби сагангур ё бо оби ҳулба ва ё бо шираи хори хасак бихӯранд, зодан осон мегардад. Агар бача дар шиками модар мурда, аз худ заҳр ҷудо гардонида, модарро заҳролуд гардонида ё дар аснои таваллуд хуни бисёр рафта, занро заифу бемадор гардонида бошад, ҳар рӯз се маҳал ба андозаи донаи гандум ақаллан то ҳафт рӯз бихӯрад, ӯро тани сиҳат мебахшад, дурусттараш аз марг наҷот медиҳад. Ва барои саръи тифлон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор