Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
хушк карда, ба ҷароҳатҳои нав бипошанд, шифо мебахшад ва инро чун сурма ба чашм кашанд, намегузорад, ки мижаҳо бирезанд, шилпуқии чашмро ба нестӣ меоварад, чашмро тез мекунад, захмҳои чашмро дафъ мекунад ва худи чашмро соғӣ мегардонад.
- Тут
Ин меваи маълум аст, ки расидаи он сафеди ширин мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст ва бисёр ширинаш то дараҷаи дуввум гарм аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, ба майнаи хушк рутубат мебахшад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, ҳоли бади ҷигар ва сипурзро ислоҳ мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, боҳро меафзояд, чарбии гурдаро қувват медиҳад, пешобро меронад, дарунро мулоим менамояд, барои обила (нағзак) ва сурҳича (сурҳакон) дору мешавад.
Барғашро ба пучак ва монандӣ ин решҳо гузошта банданд, зуд онҳоро пазонида мекафонад.
35 грамм решаашро дар об ҷӯш дода он обро бинӯшанд, кирмҳои кадудонаро (солитёрро) аз шикам хориҷ мекунад. Ҳамон миқдор решаашро дар 300 грамм об то чоръяки об мондан биҷӯшониданд ва он обро бо шакар ё бо асал бинӯшанд, барои хафа шудани гулӯ аз хӯрдани гиёҳи захрнок ва ё дигар захрҳо, девонагӣ, зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина), дарди камар ва дарди пушт, ки аз ҷамъ шудани ҳилти хом бошад, бағоят фоида дорад.
Агар барғашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ҳам, ҳамин навъ фоида дорад. Бо обе, ки дар он решаи тут ҷӯшонида шуда бошад, ғарғара кунанд, дарди гулӯи хафакунанда ва ханозерро шифо мебахшад.
Инро кӯфта, гузошта банданд ҳам, ҳамин гуна асар дорад. 28 грамм решаҳои борики онро дар об ҷӯшонида, 75 грамм анҷирро дар ним литр об то нисфи об мондан биҷӯшониданд — баъд ҳар дуро якҷо карда, бинӯшанд, ҳилти савдоро бошиддат дафъ мекунад. Агар решаи тутро дар об ҷӯшонида, он обро аз рӯ бирезанд, дарди дандонро таскин ва варамҳои калонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор