Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

ба меъда ва дил назар ба мевааш қавитар мебошад, васвоси савдовиро дафъ мекунад, ваборо шифо мебах-шад ва тафси баданро таскин медиҳад. Мураббояш ҳам хислатҳои дар боло зикрёфтаро дорад.

Себи тунҷро дар миёни хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад, ба-рои иллати сил ва лоғарӣ дармон мешавад. Ин себ-ро кӯфта ба чашм гузошта банданд, дарди чашмро нафъ дорад.

Агар себи туршро аз ҳад бисёр бихӯранд, ба таб-ҳои мураккаб гирифтор мекунад, шикамро пурбод ме-созад, иллати беҳаракат мондани узвро ба амал мео-варад, мушақҳоро ба дард меоварад, ларзак мекунад. Дар ин ҳолатҳо дорчинӣ хӯрдан даркор аст, то ки зиёнаш ислоҳ ёбад.

Себи туршро бихӯранд, дарунро мебандад, кай ва ташнагиро таскин медиҳад ва барои меъдаҳои сафро-нок мувофиқ ва форам мебошад. Агар инро дар ха-мир пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад ва да-воҳои заҳролудкунандаро ислоҳ мекунад.

Қоқи себро кӯфта, бо оби анор бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, исҳоли сафровиро мебандад ва қай-ро таскин медиҳад. Вале агар инро аз ҳад бисёр би-хӯранд, барои узвҳои даруни сина зарарнок аст, вара-ми шушро ба амал меоварад ва дар рагҳо бодҳои гу-ногунро пайдо менамояд. Дар ин ҳолат гулканд ва дорчинӣ бихӯранд ва асал билесанд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

Себи майхушро, яъне туршу ширинро бихӯранд, дар бадан моддаҳои сара пайдо мекунад, ташнагиро мешиканад, қайи сафровиро манъ месозад, исҳолро мебандад ва дар дигар хислатҳо монанди себи турш аст.

Ба қавле, ҳамаи навъҳои себро бихӯранд, агар ба моддаҳои гарммизоҷи дар меъда буда бирасад, онҳоро дафъ мекунад.

Себи хомро, яъне себчаро бихӯранд, дар бадан ҳилти хом пайдо мекунад, таб мегиронад.

Себро кӯфта, дар давраҳои аввал ба варамҳо гу-зошта банданд, нафъ дорад.

Рубби себи турш, яъне оби себи туршро ҷӯшонида ғафс гардонидаашро мизоҷ дар дараҷаи якум сард ва дар тариву хушкӣ мӯътадил аст. Инро бихӯранд, сафроро кам ва фишори баланди хунро паст мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ