Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Давоҳои мансуб ба Офтоб мухтасаран: Ҳар як давои расидаи хушбӯй, лазиз, ширин ва гулу баргҳояшон сурх, хусусан дар мавзеъҳои кушода, ки шуоъи Офтоб ба онҳо бирасад, қувватбахши дил, рӯх ва чашм мебошанд.

  2. Давоҳои мансуб ба Зӯҳра мухтасаран: Давоҳое, ки таъмашон ширин, бӯяшон форам ва гулу баргҳояшон мулоим бошанд, қувватҳои шаҳвонӣ, бемориҳои занонаву бачадон ва иллатҳои мардонаро, инчунин бемориҳои хунукмизоҷ ва тармизоҷи начандон шадидро нафъ доранд; илова бар ин равған, чарбии бадан ва маниро зиёда мегардонанд.

  3. Давоҳои мансуб ба Уторид мухтасаран: Давоҳое, ки баргашон ғафс, мулоим ва обдор буда, дар заминҳои пурнам, обдор ва дар миёни об бирӯянд, ба ин сайёра мансуб мебошанд.

  4. Давоҳои мансуб ба Моҳ мухтасаран: Ҳар он чӣ дар мизоҷ сард ва тар бошаду дар ҷоҳои обдор ва дар об бирӯяд, мансуб ба Моҳ аст.

Маълум бод растаниҳое, ки ҳосилашон дар мағзи хок ба камол расад, варамҳо, обила ва донаҳои дар пӯст пайдошуда, инчунин мӯйрехтаи болои сарро даво мебошанд, монандӣ: ширеш, сир (чеснок), пиёз; он чӣ решаҳои онҳо сӯрох ва ковокӣ дошта бошанд, ҷароҳатҳоро нафъ мебахшанд; он чӣ дар онҳо луобият ва часпандагӣ мавҷуд бошад, монандӣ: гулихайрӣ, анзарут, ширеш, сабир (алоэ); агар баргҳояшон сӯрохҳо ва дуруштӣ дошта бошанд, хориш, кӯтур, шукуфаи пӯст ва монандӣ инҳоро нафъ доранд.

Акнун рӯйхати як қатор давоҳоро дар мансубият ба сайёраҳои осмонӣ ба таври мушаххас номбар мекунем.

  1. Ба Зуҳал мансубанд инҳо: мӯрд (мирт), сурб (кӯргошим), самари арча, гази калони кӯҳӣ, олу, зирк, сунбул, балут, соҳилӣ, банг, хурмои ҳиндӣ, чинор, ғӯраи ангур, туршак (щавель), ҳино, сагкучула, сафедор, ҷувории сафед, ревоч (чукрӣ), дӯлона, равғани зайтун, пиёзаки сафеди саломалек, биҳӣ, татум, савсан, райҳон, шохбалут (кастона), шавкарон, газ, наск, мозу, мармиҷон, сагангур, санҷид, занбӯруғ, панҷангушт, олуболу, гелос, карафс, най (қамиш), кабӯтар, сарв,
пешина
аз 702
навбатӣ