Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Сунбулро кӯфта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз бисёр ҷамъ шудани моддаҳои сардмизоҷ ба амал омада бошад, шифо мебахшад. Вале пухтаи онро бо равған хамир карда гузошта банданд, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; ханозер (хукгардан), носурҳо ва дубайлаҳои (кӯряраҳои) гуногунро дору мешавад.
Ин гиёҳро дар даҳон хоида, оби онро ба ғараб (раги обрав) ва носури чашм бичаконанд ё хоидани онро бар он ҷо гузошта банданд, шифо мебахшад.
Онро пухта гузошта банданд, варам ва сахтиҳои хояҳоро таҳлил медиҳад, мулоим мекунад.
Сунбули тарро кӯфта гузошта банданд, захмҳои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад; заҳри газидан саги девонаро барҳам медиҳад; ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, хусусан ки тарашро ба ҷойҳои мӯйрехта сахт бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Сунбулро кӯфта, бо магзи соки гов даромехта бимоланд, барои дарди сар беҳад фоида мебахшад.
Оберо, ки дар он сунбул ҷӯшонида шуда бошад, бо хокистари гиёҳи он даромехта, бо шароб ва асал якҷо карда, сар ва мӯйро бо ин таркиб бишӯянд, барои захмҳои сар дармон мегардад.
Гиёҳи инро сӯхта, ба сар гузошта банданд, рехтани мӯйро манъ мекунад ва агар рехта бошад, аз нав мерӯёнад, сар сабӯсак дошта бошад, дафъ мекунад. Агар сӯхтаи инро бипошанд, захмҳои хабисаро хушк ва сиҳат месозад, инчунин захмҳои хӯрандаро ба ибро меоварад.
Лекин хӯрдани сунбул ба сипурз зарар дорад. Дар ин ҳолат гули бунафшаро истеъмол намоянд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сунбул дар як рӯз то 25 грамм аст. Ва агар оберо, ки ин гиёҳ ҷӯшонида шудааст, нӯшиданӣ бошанд, аз он дар об то 70 грамм андозанд.
Агар ёфтани сунбул душвор гардад, ба ҷои ин барои бемориҳои шуш баробари вазни он гули бунафшаро ва нисф вазни он решаи бепӯсти ширинбияро истеъмол фармоянд, равост.
Яке аз хислатҳои сунбул чунин аст, ки агар дар бадан тир даромада бошад, гиёҳи тари инро кӯфта, аз ҷониби буриши тир гузошта банданд, тирро кашида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор