Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
аз моддан савдо пок мекунад (модоме, ки ба хун савдо дохил гардад, хунро ғафс мекунад). Инак ин савдоро нест карда, қивоми хунро ба ҳолати эътидол меоварад; рӯхро низ аз кудурат соф мекунад (осонтар карда гӯем, табъро равшан месозад). Ҳамин тариқ, барои иллатҳои молихулиё ва васвоси савдовӣ дору мешавад.
Онро хоида, обашро фурӯ баранд, барои иллати лиқва, яъне каҷ шудани рӯй, инчунин онро дар даҳан аз тарафи қаҷии рӯй нигоҳ доранду обашро фурӯ баранд, ҳамин хосиятро дорад ва ин амал барои кашидани рутубати меъда, мустаҳкам кардани узвҳои даруни шикам ва даруни сина, дарди сипурз, бавосир ва махав нафъ дорад.
Агар ҳалилаи сиёҳро дар зарфе бо оташ битафсонанд то бӯяш барояд, инро ҳалилаи будода меноманд ва баъд кӯфта бихӯранд, исҳолро мебандад ва дар даҳан нигоҳ дошта, обашро фурӯ баранд, мӯйро сиёҳ ва қавӣ мегардонад, низ милки дандонро қувват мебахшад.
Мегӯянд, ки хӯрдани ин ба ҷигар зарар дорад. Дар ин ҳолат асал бихӯранд, зиёнаш бартараф мегардад.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 9 грамм аст ва агар инро дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 32 грамм дар об андозанд. Ба ҷои ин низ ҳалилаи кобулиро метавон истифода кард.
IV. Ҳалилаи чиниро, ки ҳамчун даво бисёр заиф
аст, баёни хислаташро лозим надонистем.
- Бодинҷон
Инро тоҷикон бокилаҷон низ меноманд, ки аз «бақлажан»-и русӣ гирифтаанд. Мурод аз ин дар тиб самари расидаи кабуди бунафштоб ва барроқ (ялаққосӣ)-гаштаи он аст.
Инро барои хӯрдан пухтанӣ бошанд, ба дарознаш
чор тақсим намуда, сӯзан зананд. Ба даруну берунаш
намак бимоланд ё монанди пиёз варак карда, баъд намақсуд намоянд. Онро дар оби хунук ду-се соат тар
кунанд, об сиёҳ гардад, обро нав намоянд. Ҳамин
тавр обро батакрор нав намоянд, то он ки об дигар
сиёҳ нагардад ва тезии он кам шавад. Баъд покиза
шуста, бо гӯшти мург ё чорпои ҷавон бипазанд ё дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор