Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Шарти истеъмоли ҳалила чунин аст, ки бояд бо равғани бодоми ширин чарб намоянд, то он ки таркибаш вайрон нагардад.
Тухмашро кӯфта, ба дандон ва милки он бимоланд, милки дандонро қувват мебахшад ва рафтани хунро аз буни дандон манъ мекунад.
Хусусан ҳалилаи кобулиро нимкӯфта, як шабонарӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, қувваташ назар ба кӯфта ва дар об ҷӯшодаи он зиёдтар аст дар бобати ихроҷ кардани моддаҳои зарарнок аз бадан, инчунин ҳангоми онро дар об тар кардан моддаҳои зараровараш ба об намебароянд.
Миқдори истеъмолаш барои дар об тар кардан аз 25 то 35 грамм аст. Ба ҷои ҳалила пӯсти анорро ба кор баранд, раво мебошад.
Акнун дар бораи ҳар як намуди ҳалилаҳо ба таври ҷудогона баён менамоем.
I. ҲАЛИЛАИ КОБУЛИ
Хислатҳои шифобахши он: инро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, хилтҳои балғам, сафро ва савдоро аз бадан дафъ мегардонад; пешобро меронад, барои дарди сар, нисён (фаромӯшихотирӣ) шифо мебахшад, ҳамаи феълҳои дохилӣ ва беруниро қавӣ мегардонад; барои чарх задани сар, ки аз зиёд гаштани хилти сафро бошад, кӯфта, талқонашро бо шакар даромехта каф зада бихӯранд, фоида дорад; вале чарх задани сар ва сиёҳ задани чашм аз сабаби бисёрии балғам бошад, талқонашро батанҳоӣ бояд бихӯранд, низ ин барои пок гардонидани узвҳои бадан аз сафро ва барои молихулиё, ислоҳи ҳоли бади майна, саръ ва каҷ шудани рӯй худасро танҳо меоюманд.
Чун касеро, ки рӯяш каҷ шуда бошад, як адади ҳалиларо, тухми онро дур карда, дар даҳан то тамомом гаштанаш бихоянду обашро фурӯ баранд, инчунин як адад ҳалилаи кобулиро аз ҷониби каҷгашта дар даҳан гузоранд, ин иллатро нафъ мебахшад.
Ба қавле дар муддати як сол ҳар рӯз як адад аз ин ҳалила бихӯранд, мӯяшон сафед намешавад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҳалилаи кобулӣ дар як рӯз аз 10 то 15 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор