Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
пухта, чун пахта мешукуфад, мағзаш сурхранг; тухмаш зард, андак рутубати часпак дорад; таъмаш каме ширини тахирак, яъне ба талхӣ моил мебошад ва агар инро бихоянд, пӯсти даҳанро андак мекашад, тунчӣ дорад, яъне узвҳои даҳанро каме дарҳам мекунад. Меваи ин ҳарчанд расидатар шавад, тунчиаш камтар ва шириниаш зиёда мегардад. Решааш сафед, дароз, пӯсти решааш ғафс. Агар ин решаро хушк кунанд, дар аксар вақт пӯсташ ҷудо мешавад. Таъми ҳамаи қисмҳои кавар, яъне баргаш ҳам, шохаш ҳам, пӯстлоҳаш ҳам, решааш ҳам — ҳама талҳанд.
Ғунчаи гул ва самари майдаи норасидаи онро дар намакоб шӯр карда ё дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда, барои хӯрдан тайёр низ менамоянд.
Қуввати решаи ин барои давогӣ аз қисмҳои дигари ин зиёдтар аст.
Кавар дар заминҳои сахт, харобаҳо, даштҳо ва дар санглохҳо мерӯяд. Агар дар заминҳои намнок ва дар наздики об рӯида бошад, барои давогӣ намешояд, зеро қувваташ суст ва худаш боднок аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, инак, барои одамони мизоҷи сард ва тар дошта, инчунин барои касоне, ки мизоҷи мӯътадил доранд, бисёр форам мебошад. Агар ин гиёҳ дар сарзаминҳои гарм рӯида бошад, мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ҳар як қисми онро бихӯранд ё дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, гиреҳҳо, рагҳои хун ва дар ҷоҳои дигари бадан бударо мекушояд; узвҳоро аз моддаҳои зарарнок ва нодаркор пок мекунад; моддаҳоеро, ки дар ҳар як ҷои бадан ғафс ва шах шуда бошанд, таҳлил медиҳад, нарм ва рақиқ мегардонад; балғам ва моддаи савдоро аз дохили бадан ҷудо мекунад ва инчунин ахлоти часпакро аз ҳама ҷоҳои бадан меронад. Барои бемориҳои аз хунукӣ пайдошаванда, ки вобаста ба майна бошанд, монанди: фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), истирҳо (нотавон гаштани узвҳои бадан), караҳтӣ, дарди пайвандҳо, иркуннасо (радикулит), никрис (подагра) — барои ҳамааш нафъ мебахшад.
Ҳар як қисми каварро кӯфта гузошта банданд, мушакҳои аз кор мондаро ислоҳ ва сиҳат мекунад. Агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор