Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Гулаш зарди сафедтоб, самараш дар хӯша, дар вақти ғӯрагӣ кабудсабз ва баъди пухтан сиёҳ ва сурх мегардад. Қисми беҳтаринаш он аст, ки самараш дароздак бошад, он чӣ кулӯла аст, шарбаташ кам ва барои давогӣ суст аст.

Мизоҷаш хунук ва хушк дар дараҷаи саввум аст. Хусусиятҳои нигоҳдорандагӣ, яъне қабзият ва таръёқӣ дорад.

Хислатҳои шифобахши он: чойники миёнаҳаҷмро бо оби ҷӯш чайқонида, ҳар як бемор як чанголи худ аз самари хушки зирк дар он андозаду аз болояш оби ҷӯш пур карда, баъди хунук шудан оби онро бинӯшад, ҳамин тавр се рӯз давом диҳад, ҳилти сафроро қатъ мекунад; ташнагӣ, тафси меъда ва ҷигарро таскин медиҳад, фишори баланди хунро ба эътидол меоварад ва аз дарун рафтани хунро, ки аз ҳар як узве бошад, манъ мекунад; дил, ҷигар ва меъдаи гармро қувват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ва нодаркор ба ин узвҳо рехта шаванд, инчунин барои бавосир ва рафтани рутубати беҷо аз бачадон низ мумкин аст, биёшоманд. Вале барои кушодани гиреҳи ҷигар, дафъ кардани истисқо, қувват бахшидан ба ҷигари хунукмизоҷ ва дигар узвҳои даруни шикам ва даруни сина, барои манъ кардани исҳол аз сустии ҷигар ё бар зидди таби кӯҳнае, ки аз бисёрии балғам мегирифта бошад, бо дорчинӣ ва асал бихӯранд, шифо мебахшад. Агар он оби зирк тар кардашударо бо оби талхшувоқ якҷо бинӯшанд, узвҳои хозимаро (меъда, ҷигар, сипурз ва рӯдаҳоро) қавӣ мегардонад; бо заъфарон бинӯшанд, барои сахтии ҷигар ва рондани пешоб дору мешавад. (Дар омади гап, қайд кунем, ки агар ҷигар сахт гардад, инро бо усули тиббӣ қадим илоҷ накунанд, ранги бемор торафт заҳиртар тофта, иллат рӯз ба рӯз бадтар мегардад ва оқибат гирифтораш барҷомонда гашта, аз олам чашм мепӯшад).

Самари зиркро кӯфта гузошта банданд, ҷоҳои сахтгаштаи баданро мулоим мекунад.

Оби меваашро бинӯшанд, кай ва беҳузур шудани дилро манъ месозад.

Тухмашро маҳин кӯфта бихӯранд, захми рӯдаҳо ва харошида шудани сатҳи даруни онҳоро шифо мебахшад, инчунин исҳолеро, ки аз сустии узвҳои шикам ҳодис шуда бошад, бозмедорад.

Чун бигиранд як миқдор оби меваи зирк ва барои

пешина
аз 702
навбатӣ