Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

сирко хамир карда, ба шикам гузошта банданд, барои дафъи ин беморӣ зудтар таъсир мекунад.
Талхушокро бо юнучқаи зардак (говришка) якҷо дар равғани зайтун пухта, аз рӯ гузошта банданд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад.
Агар ин гиёҳро дар об ҷӯш дода, бо сирко сиришта, ба буғумҳое, ки аз гармӣ дард мекарда бошанд, бимоланд, ба ибро меоварад. Инро кӯфта, бо муми занбӯри асал ва равғани гулисурх сиришта, аз рӯ бимоланд, дарди тиҳигоҳ, дарди кӯҳнаи мӯъда ва дарди ҷигарро дафъ мекунад; бавосирро нафъ дорад, мақъади кафидаро сиҳат мекунад ва дарди онро низ таскин медиҳад; бачадони сахтшударо, ки дар тибби хозира ноболиғии бачадон меноманд, чун аслӣ мулоим ва солим мегардонад.
Агар худашро танҳо кӯфта, занҳо ба зери ноф гузошта банданд ё маҳин кӯфта, онро бо асал хамир карда, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандгаштаро равон менамояд, яъне мекушояд. Агар инро бо муми занбӯри асал якҷо шамъча сохта, дар сӯрохи мақъад бардоранд, кирмҳои кадудона (солигёр)-ро ихроҷ мекунад.
Инро дар об ҷӯшоннда, он обро бо биринҷи пухтагӣ ё бо наски пухтагӣ бихӯранд, ҳамаи кирмҳои шикамро кушта, берун меоварад, дарунро меронад; агар он обро бо сирко бинӯшанд, барои бавосир ва кафидани мақъад дору мешавад, инчунин моддаҳои гарммизоҷро, ки дар натиҷаи нӯшидани давоҳои гарммизоҷ дар мӯъда ҷамъ шуда бошанд, дафъ мегардонад.
Аз талхущок шароб тайёр карда бинӯшанд, тарангии зери қабурғаҳоро ислоҳ мекунад, мӯъдаро қувват мебахшад, бавосирро дафъ мекунад, сахтии узвро нарм мегардонад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Гиёҳи хушки онро дар сандук, ҷомадон ва ҷевони либосҳо гузоранд, монеъи кирм задани он чизҳо мегардад.
Агар дар обе, ки ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад, сиёҳи тартиб диҳанду бо он сиёҳи ҳар чизеро китобат карда бошанд, он навиштаҷот ва китобро куя, кирм, муш ва дигар зараркунандаҳо намехӯранд, хаташ ҳам ҳазорҳо сол боқӣ мемонад.
Кӯфтаи онро бо равғани зайтун даромехта, бар бадан бимоланд, пашша ба он кас наздик намеояд. Агар

пешина
аз 702
навбатӣ