Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Чун 75 грамм оби барги онро бо равғани кунҷид бинӯшанд, балғамро башиддат аз бадан бо воситаи исҳол дафъ мекунад. Ин оби барги онро дар офтоб ғафс гардонида, яъне усораи барги онро бихӯранд, дарунро мебандад, исҳолҳои кӯҳнаро манъ мекунад ва барои бавосир фоида дорад. Агар оби барг ва меваи онро бардавом бинӯшанд, бемориҳои мазкур, инчунин иллати кай кардан ва иллати ташнашавиро, ки обхӯ- ра мемоманд, шифо мебахшад.

Агар барг ва самари онро сӯхта, ба дудаш бидо- ранд, донаи бавосирро, ки сабаби тӯл кашидани ин беморӣ мебошад, меафтонад. Ва аз дуди он ҷонварони майдаи зарарнок мегурезанд, вале нагурезанд, меми- ранд.

Самарашро бихӯранд, сӯзиши пешоб (сӯзок), зах- ми хичак, беҷо равон шудани ҳайзи занҳо ва бисёру бемаврид омадани рутубатро аз бачадони онҳо, шифо мебахшад.

Усораи самарашро, яъне оби самарашро дар офтоб ғафс гардонида бихӯранд, пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад. Ва агар самари онро дар об ҷӯш до- да, он обро бинӯшанд, беандоза равон шудани руту- батро аз бачадон ба ҳолати эътидолаш меоварад.

Баргашро кӯфта, бар бавосир гузошта бабанд, он- ро шифо мебахшад ва агар ба ҳоя гузошта бабанд, варами онро мегардонад.

Дар обе, ки барги он ҷӯшонида шуда бошад, то ноф даромада нишинанд, мақъад (кӯтан) ва бачадони беруномадаро ба ҷоҳои худашон мегардонад ва бисй- ёр равон шудани рутубати бачадонро ислоҳ мекунад. Агар оби барги онро ба мақъаде, ки берун баромада бошад, бимоланд, онро ба ҷояш мебарад ва дигар бар- намеояд.

Баргашро кӯфта гузошта бабанд, варамҳои гарм- ро мегардонад, реши ҷамра (карбункул), ки реши мӯҳлик аст, обилаҳо, доначаҳои дар пӯст пайдогашта, захмҳо, милкаки нохун, инчунин захмҳоеро, ки дар кафи дасту похо бошанд, инчунин аз оташ сӯхтагӣ — ҳамаашро шифо мебахшад.

Самарашро пухта, бо шароб хамир карда гузошта бабанд, решҳоеро, ки дар буҷулаки по ва дар зери похо пайдо мешаванд, дафъ мекунад, инчунин ба сӯхтагии оташ ва обилаҳои он нафъ дорад.

пешина
аз 702
навбатӣ