Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
он дар як рӯз то 20 грамм аст ва миқдори хӯрдан аз ҷирмаш, яъне аз худаш 4,5 грамм аст.
Аммо хӯрдани гули офтобпараст ба одамони гарммизоҷ зарар мекунад. Давои ин зарараш асалро бо сирко турш карда, яъне сиканҷабин хӯрдан лозим аст, ки ислоҳи зарар намояд. Инчунин ба сипурз ҳам зиён мерасонад — дар ин маврид қанди сафед, асал ва сиканҷабин бихӯранд, зарарашро ислоҳ мекунад.
Яке аз хусусиятҳои гули офтобпараст он аст, ки магас ба гули он наменишинад, аз дуди он муш ва калтакалосҳо (келасҳо) мегурезанд.
- Мӯрд
Ин буттаро ба арабӣ ос ва ба русӣ мирт меноманд. Навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ низ дорад. Дарахти саҳроии он нисбат ба бӯстониаш кӯчактар ва интиҳояш ба бузургии буттаи анор мешавад. Барги бӯстониаш сабзтар, ғафстар ва он қадар дароз намешавад, хушбӯй аст, хазон намекунад. Таъмаш андак талх ва чун мозу забонро мегазад. Гулаш сафед ва хушбӯй мебошад. Самараш дар аввал сабз ва баъди расидан, яъне ҳангоми пухтан ба худ ранги сиёҳ мегирад, таъмаш андак ширин ва каме талхӣ низ дорад. Агар онро бихоянд, чун пӯсти анор сатҳи даруни даҳанро ба ҳам меоварад, яъне мазааш тунҷ аст, балки аз пӯсти анор ҳам қавитар ва ҳамчун ғизо камқувват аст. Тухмаш майдаи сафед ва ҳамвори суфта, дар баъзе самараш сето ва дар баъзе бисёр — хуллас, аз се то даҳ дона тухм дорад, ки ин вобаста ба калон ё хурд будани самари он аст.
Мизоҷаш мураккабулқувват, балки қисми хунукӣ дар мизоҷи он ғолибтар мебошад ва инак, ҷузъи гармӣ дар он камтар аст. Сардии мизоҷи он то ба дараҷаи якум ва хушқаш дар дараҷаи дуввум аст.
Барг, гул, самар, тана ва решаи он нисбат ба якдигар дар хушкиву сардӣ фарқият доранд. Яъне дар тухм, барг ва решаи он сардӣ бештар аст ва қисми дигари он зидди инҳо мебошад. Аммо тухмаш думизоҷа мебошад, яъне ба ҳамаи мизоҷҳо форам аст, зарар намекунад. Таъмаш тунҷӣ, талхӣ аз ширинӣ, инчунин латофат низ дорад: бинобар ширинӣ доштанаш сурфаи гармро шифо мебахшад, аз ҷиҳати таъми тунҷӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор