Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

шоҳдор дармон мешавад. Дар ин бобат тухми турб аз худи турб зӯртар аст. 2,5 грамм тухмашро баъд аз таом бихӯранд, онро ҳазм менамояд ва агар бо сиканҷабин бихӯранд, меъдаро пок мегардонад. Агар инро кӯфта, ба шукуфаҳои пӯст гузошта банданд, шифо мебахшад ва агар бо сирко хамир карда гузошта банданд, захми ғонагароё (гангрена)-ро, ки дар тибби ҳозира илоҷпазир нест, сиҳат мекунад; бо асал даромехта гузошта банданд, дарди пайвандҳо (буғумҳо)-ро дафъ месозад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 3,5 грамм аст, аз обаш то 100 грамм ва аз худаш то 70 грамм мебошад.

Аз турб равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Тӯхм ва оби барги онро дар ибтидои тухм бастан кӯфта, фишурда, обашро гирифта, дар зарфе аз болои он об ду баробари вазни он равғани зайтун ё равғани кунҷид дохил карда, бо оташи мулоим меҷӯшонанд.
Ҷӯшида-ҷӯшида, об бухор гашта меравад ва равған боқӣ мемонад. Ҳамин равған равғани турб ҳисоб меёбад. Аз ин равған ҳар рӯз як ё ду қошуқ бихӯранд, фолиҷ ва қаҷ шудани рӯйро сиҳат мекунад, азияти захри каждум ва ҷонварони дигарро низ дафъ мекунад. Агар ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, болҳои даруни гӯшро, ки дар даруни гӯш садоҳои гуногунро ба амал меоваранд, дафъ месозад ва дардашро ҳам таскин медиҳад. Агар аз рӯ бимоланд, низ иллати фолиҷ, қаҷ шудани рӯ ва нотавон гаштани аъзоро шифо мебахшад, шахшӯлии пӯстро ислоҳ мекунад, ранги рӯйро соф мегардонад, доғҳои сафеди пӯст ва песро аз пӯст пок мекунад.

  1. Гули офтобпараст

Ин растании машҳур аст, ки бӯстонӣ мебошад ва даштӣ низ дорад. Барғаш гӯё ғуборолуд бошад, пашмакдор метобад. Гулаш калони паҳн ва зарди тиллоранг, ба монанди нон гирдак ва дурахшанда аст. Дар миёнаҷон он баргҳои резаи моил ба сиёҳӣ ва сурхӣ дорад, бӯяш тез, худаш хушнамуд, рӯзона гулаш ҳамеша рӯ ба офтоб ва баробари ҳаракати он гардиш мекунад, вале дар вақти шаб пажмурда мегардад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар ҳамин

пешина
аз 702
навбатӣ