Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

зуд ва хуб таъсир мекунад. Агар оби турбро бо равғани гулисурх якҷо карда, дар оташ биҷӯшонанд, то он ки обаш бухор шуда раваду равған бимонад, ин равғанро низ бичаконанд, ҳамон таъсирро дорад.

Хӯрдани турб ба чашм зарар дорад, вале оби онро дар чашм чаконанд, доғи таги гӯшаи чашмро аз тарафи бинӣ дафъ мекунад. Ва агар оби баргашро дар чашм чаконанд, қуввати бинишро тез мегардонад.

Барги турбро кӯфта, ба зери чашм гузошта банданд, хунеро, ки дар таги чашм мурда ва аз он доғи кабӯд зоҳир гашта бошад, онро дафъ мекунад. Ва баргашро кӯфта, бо асал хамир карда, ба чашм гузошта банданд, оби бегонаи дар гавҳарак фуромадаро, ки соҳибашро кӯр мегардонад, пароканда сохта, чашмро аз нав равшан месозад.

Турбро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сурфаи кӯҳнаи чандвақтаро шифо мебахшад, моддаҳои дар даруни сина пайдошударо суюқ гардонида, берун меронад ва дарди гулӯро, ки аз хӯрдани замбӯруғи заҳрнок ба амал омада бошад, сиҳат мекунад. Турбро дар об ҷӯшонида, он обро бо асале, ки дар он сирко андохта турш карда бошанд, омехта, бо он ғарғара кунанд, дарди гулӯи шадидро дафъ мекунад, сарфи назар аз он, ки ин ба халқ зарар дорад. Дар ин ҳолат зарари мазкурро онро сиркову асал дафъ месозад. Ҳамин оби турби ҷӯшонидашударо батанҳоӣ агар занҳо бинӯшанд, шири онҳоро зиёд мегардонад.

Турб барои меъда бо як хислаташ зарарнок аст: оруғ меоварад. Таом хӯрда, аз болояш турб истеъмол намоянд, шикамро мулоим мекунад ва барои ғизоро ба узвҳои бадан фиристодан кӯмак медиҳад. Вале агар турбро пеш аз таом бихӯранд, намегузорад, ки таом ба бадан нуфуз намояд, балки худаш дар қаъри меъда қарор гирифта, ғизои хӯрдашударо дар сари меъда нигоҳ медорад ва намегузорад, ки он ба қисми поёни меъда фурояду ҳазми дуввуми худро баҷо оварад. Аммо ин ҳолат барои осон қай кардан қулай мебошад, хусусан пӯсташро бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд.

Хӯрдани турб барои узвҳои даруни сина, паҳлӯ ва сипурз мувофиқ аст, инчунин тухмашро агар ҳар рӯз бихӯранд, ба узвҳои мазкур фоида мебахшад. Табиби машҳур Ибни Мосавия гуфтааст: «Оби турбро бинӯшанд, таомро ҳазм мекунад, гиреҳҳои рагҳоро дар чигар

пешина
аз 702
навбатӣ