Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
заъфарон курсҳо сохта намешаванд ва давоҳои назлабанд бо заъфарон, хояи сагобӣ ва мушк истеъмол мегарданд. Ҳамчунин афюн дар давоҳои дил, ки бе иштироки давоҳои номбурда ба кор бурдан ҷоиз нест, зеро ки агар он ба танҳоӣ истеъмол гардад, рӯҳҳо ва қувватҳои баданро барҳам медиҳад, ҳарорати табиӣ, яъне гармии модарзодиро хомӯш мегардонад. Инчунин давоҳои пуркувват ва исхоловари заҳрнок, ки бидуни ҳамроҳ намудани доруҳои ислоҳбахши феъли онҳо ва нигоҳдорандаи қувваҳо, рӯҳҳо ва узвҳо, хусусан аъзои раиса, ки дил, майна, ҷигар, меъда, гурда, хояҳо ва ҳичак мебошанд, истеъмол карда намешаванд, монанди: сақмуниё бо шилм, катиро ва ғайраҳо аз давоҳои часпанда, ислоҳбахш, ташвия, парварда кардан ва давоҳои муҳофазаткунандаи арвоҳ (рӯҳҳо) ва қувватҳо истеъмолаш ҷоиз нест. Ба ҳамин монанд аст зангор ва мисли он давоҳо бидуни дохил кардани шилмҳо, муми занбӯри асал ва равғанҳо истеъмол намешаванд — инро дар боло низ хотирнишон намудем. 5. Он ки давои бадбӯ ё бадтаъм бошад, табиат онро қабул намекунад, монанди: шилми болдирғон, сабир (алоэ), ки ин ҳар ду мӯҳтоҷ мебошанд ба ислоҳбахши худ ва даромехтан бо давоҳои хушбӯи хуштаъми монанди: заъфарон ва асал, баъд онҳо лоиқи қабули табиат ва барҳам хӯрдани нафрати бадан нисбат ба онҳо мегарданд, инчунин тезии онҳо ҳам нест мегардад. 6. Он ки узв ба сабаби шарофат, латофат, шиддат ва тезии ҳисси худ ба давоҳои қавӣ, тези сӯзанда ва доғкунанда бардошт надорад, масалан: дил, майна, чашм, сари меъда, ки ба давоҳои мураккаби тезии онҳоро шикананда ва узвро ба худ ромгардонда, монанди: катиро, луобҳо, афюн, бангдона ва омехтани онҳо ба давоҳои қувватбахши нигаҳдорандаи ҳислати онҳо дар давоҳои хӯрда ва нӯшидашаванда, ки шилмҳо, равғанҳо, муми занбӯри асал ва сафедаи тухми мурғ мебошанд, мӯҳтоҷанд.
Аммо мураккаб сохтани даво барои иллати бисёрҷинса бошад, он се қисм аст: 1. Он ки беморӣ аз ду ҳилт иборат бошад ва давои танҳо ҳар дуи он моддаро аз бадан дафъ карда наметавонад, монандӣ: таби шатр-ул-ғиббро, ки моддаи он аз сафро ва балғам таркиб ёфтааст. Пас, дар ин ҳолат барои муолаҷа он ба давои мураккаби берункунандаи сафро ва балғам эҳтиёҷ меафтад. Давои матлуб дар ин амал, масалан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё