Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

аст; дохил кардани зарних барои гурда ва ҳичак хос буда, ба давоҳои пешоброни бемориҳои гурда ва ҳичак фоидабахш барои он, ки қуввати онҳоро бекаму-кост ва суст нагардонида, ба ҳар дуи ин узв мерасонанд. Низ дохил кардани сирко дар равған дар давоҳои гузошта бастани ва молиданӣ ва бобунаро низ дар давоҳои гузошта бастанӣ ва нӯшидашаванда аз ҳамин қабил аст. Зеро ки дар бобуна ду қувват мавҷуд аст — яке таҳлилдиҳанда ва дуввум қабзияткунандаи ҳаракоти моддаҳои рақиқи равон, ки бо қуввати таҳлилбахши худ дар ҳастии узв таъсир мекунад ва бо қуввати қобиза маҷроҳои бадан ва масомҳои пӯстро баста мегардонад, ҷараёни моддаҳои рақиқро манъ менамояд. Ҳамчунин, ки дар сирко се қувват мавҷуд аст: яке кушояндаи гиреҳҳо, дуввум нуфузкунанда ва саввум қабзиятовар. Дар равғани гулисурх низ се қувват мавҷуд аст: яке кушояндаи гиреҳҳо, дуввум таҳлилдиҳанда ва саввум мулоиму сусткунанда, балки камтар қуввати қабзиятнокӣ низ дорад хусусан дар ғунҷаи ношукуфтаи он. Инчунин бо ҳам даромехтани занҷабил бо турбуд барои он, ки турбуд бо тезии худ моддаҳои бегонаи дар узвҳо часпидаро рақиқ карда ва моддаҳои балғамии ғафсро бе ёрии занҷабил дафъ карда наметавонад. Мустақо барои қувват бахшидан ба меъда ва ҷигар хос аст. Ҳамчунин аст мураккаб кардани баъзе давоҳои исҳоловар бо баъзеи дигар барои афзоиш додани қуввати ёрирасон барои аз ҷояшон кандан ва дафъ гардонидани моддаҳо. Таркиб кардан ва омехтани шароби софи райҳонии рақиқ бо обгӯшт барои бемории беҳушивар ва барои худи бемори ин иллат; кофур бо оби ҷав омехта гардад, барси одами лоғар дору мешавад. Зеро ки обгӯшт бинобар часпадангиин худ ба маҷроҳо ва роҳҳои гузаштани моддаҳои бадан часпида мемонад, ба зудӣ ба узви матлуб ва чуқуриҳои бадан намерасад. Шароб бинобар шиддати нуфуз доштани худ обгӯштро ба узви матлуб мерасонад ва худаш ҳам ғизои бадан мегардад. Кофур ҳам ба зудӣ таъсири оби ҷавро ба дил мерасонад, инчунин ин даво барои дил хос аст, низ бошиддат сард мегардонад. 4. Он ки даво ба рӯҳҳо, қувватҳо ва баъзе узвҳо зиддият ва мухолафат дошта бошад, монанди: афюн ва дигар давоҳои заҳрноки пурзӯри исҳоловар, ки ба муҳофазаткунанда ва ислоҳбахш мӯҳтоҷ мебошанд, мисли: афюн, ки дар давоҳои чашм, ки бе иштироки

пешина
аз 702
навбатӣ