Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
аз беҳ шудани захм боқӣ монда бошад, дур мекунад. Агар ин баргро бо анҷир якҷо кӯфта, ба узвҳои шахшуда гузошта бабанд, онҳоро ба ҳоли аслии сиҳаташ меоварад.
Самарашро кӯфта, бо сирко хамир карда, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Миқдори як бор хӯрдан аз самари арча дар як рӯз то 10,5 грамм аст. Агар ёфтани ин муяссар нагардад, ба ҷои ин ғӯраи сарвро метавон истифода кард. Аммо инро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба меъда ва ҳалқум зарар мекунад. Дар ҳолати зарар карданаш асал бихӯранд, ислоҳи он газанд менамояд.
Аз самари арча равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ:
-
60 адад самари арчаро дар 300 грамм равғани кунҷид ё равғани зайтун бирён мекунанд, то он самарҳо сӯхта гарданд. Баъд равғанро соф намуда, дар вақти хоҷат ҳангоми холӣ будани меъда аз таом, андаки онро гарм намуда, чанд қатра дар гӯш чаконанд, қариро дафъ мекунад.
-
Самари арчаро нимкӯфта дар равғани зайтун биҷӯшонанд, то равған сиёҳ шавад ва баъд равғанро соф карда бигиранд. Ин ҳам равғани тухми арча аст, ки монандӣ равғани боло зикрёфта хосият дорад, яъне ҳамаи навъҳои қариро сиҳат мекунад.
-
Газ
Газ хелҳои гуногун дорад: баъзе босамар، баъзе бесамар؛ баъзеаш пуштиранги майда дар хӯша гул мекунад ва баъзеаш гул намекунад. Барғаш монандӣ барғи арча. Беҳтаринаш дар канорҳои обҳои ширин рӯидаи он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст, вале баъзеҳо сардии мизоҷи онро дар дараҷаи дуввум медонанд.
Хислатҳои шифобахши он: решаашро дар равғани зайтун пухта, ҳар дуро, яъне реша ва равғанро бихӯранд, иллати маҳавро, ки аз варами захрнокии силурз ва аз гиреҳ пайдо кардани ин узв ҳодис шуда бошад, шифо мебахшад; агар решаи онро бо сирко пухта бихӯранд, зардпарвинро, ки сабабаш сустии захрадон ва банд шудани моддаи сафро дар он бошад, дафъ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор