Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

тозааш то 70 грамм аст. Ба ҷон юнучкаи зардак бобунаро истеъмол фармоянд, раво мебошад.

Аз ин гиёҳ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби юнучкаи мазкурро ду миқдор гирифта, аз болояш ним вазни ин об равғани зайтун бирезанду бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то об тамоман бухор шуда раваду равған бимонад — ин равғани юнучкаи зардак мобошад. Инро ба сар бимоланд, дарди сареро, ки дар натиҷаи зарба хӯрдан ва аз чалакидани майна ба амал омада бошад, дафъ мекунад. Ба рӯй бимоланд, каҷ шудани онро ислоҳ мекунад.

  1. Каду

Ин самари растании биёрадор аст, ки хеле рангоранг ва гуногун мебошад. Беҳтарини он ширини берешаи он аст, ки бихӯранд.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум хунук ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ба мизоҷ сарди меоварад, бар бадан об медавонад, гиреҳҳои узвҳои дохили баданро мекушояд, пешобро равон мекунад, дарунро мулоим мегардонад; зардпарвин, исҳоли номунтазами меъда ва табҳои тезро шифо мебахшад.

Агар инро пухта бихӯранд, ҳамчун ғизо камқувват,
аз меъда ба зудӣ мефурояд ва аз он моддаи солими
бетаъм пайдо мешавад. Ин камҳазмшаванда аст, зеро ки агар худашро танҳо бихӯранд, дар меъда зуд
вайрон мешавад ва ба ҳар моддае, ки дар бадан бисёр бошад, ба зудӣ, ба он табдил меёбад, инчунин бинобар осон табдилёбанда буданаш баъзан моддаи заҳрнок аз он ба амал меояд. Чун онро бо меваҳои гуногун ҳамроҳ намоянд, кайфияти онро дигар месозад,
монанди он, ки агар бо биҳӣ ё оби ғӯраи ангур, ё оби
анор, ё сирко дар равғани бодом ё равғани софи зайтун пухта бихӯранд, моддаҳои солим дар бадан пайдо
мекунад, барои одамони сафровимизоҷ ва гарммизоҷон, инчунин ба табҳои тез фоида дорад. Лекин хӯрдани каду барои беморони кулинҷ (қолит) ва онро
бисёр хӯрдан зарар дорад, зеро худи каду пайдокунандаи иллати кулинҷ аст. Агар бо чизи тез монандӣ
хардал (горчиса) бихӯранд, дар бадан моддаи тез

пешина
аз 702
навбатӣ