Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агар инро бардавом бимоланд, чашмро заиф ва боҳро суст мекунад — давои ин зарарҳояш сиканҷабин хӯрдан аст.
- Юнучқаи зардак
Инро тоҷикон дар як қатор маҳалҳо говришка ва ришкаи зардак ҳам меноманд. Баргаш ба барги юнучқа шабоҳат дорад, вале гулаш зард аст. Шоҳҳои баъзе навъаш ба замин паҳн шуда месабзад ва баъзе навъи он поядор мебошад.
Мизоҷаш мӯътадил дар гармиву сардӣ мебошад. Аз ин рӯ ҳамаи мизоҷҳоро форам аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш: пазонанда, қувватбахш, таҳлилдиҳанда аст.
Гиёҳи инро кӯфта, бо равғани гулисурх сиришта, ба сар гузошта банданд, ҳамчунин онро дар об ҷӯшонида, бо он оби гармаш бишӯянд, дарди сар, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, паридани аъзо, сакта (мурда барин беҳаракат мондан), каҷ шудани рӯй ва нотавон гаштани узвҳои баданро, ки сабаби ин иллатҳо зиёд гаштани балғам ва сафро бошанд, шифо мебахшад.
Инро дар об ҷӯшонида, ҳар рӯзу шаб бухорашро дар ҳаммом бигиранд ва инчунин молидани равғани ин барои бемориҳои номбаршуда, инчунин барои беҷо шудани зеҳн, аҳмакӣ, телбагӣ, молихулиё ва нисён (фаромӯшотирӣ) шифо мебахшад.
7 грамм юнучкаи зардакро бо 17,5 грамм асал бихӯранд ва оберо, ки ин гиёҳ дар он ҷӯшонида шуда бошад, ба сари бемори васвоси савдовӣ дар ҳар се рӯз як мартаба дар ҳаммом бирезанд, бемор аз он иллат наҷот меёбад. Барои фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ) ва нотавон шудани узвҳо кӯфтаи онро ба мабдои (саршавии) асабҳои бемор гузошта мебанданд. Барои таранг кашида шудани узве ва кузоз (столбняк), ки аз афзудани балғам ҳодис шуда бошанд, оберо, ки дар он ин гиёҳ ҷӯшонида шудааст, нимгарм ба меъда ва сари бемор бирезанд, ба ибро меоварад. Инчунин юнучкаи зардакро дар об ҷӯш дода, он обро бардавом бинӯшанд, аз бемориҳои дар боло зикрёфта, иллатҳои меъда ва ғайра наҷот хоҳанд ёфт. Инчунин ин обро биёшоманд, дарди меъда, дарди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор