Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

1,5 грамми онро бо шароб биёшоманд, чунон хоби сахт мегирад, ки ҳар як узви онро бурида аз танаш ҷудо кунанд, эҳсос намекунад — ин амал дар корҳои ҷарроҳӣ истифода мешавад.
Чунон 4,5 граммашро аз синфи саввумаш батанҳои ё бо нон ва ё бо орди гандуми бирёнкарда бихӯранд, ҳамон дам аз ақл берун месозад, хоби сахт мебарад ва то се-чор соат дар ҳамон ҳолат мемонад, ки ҳеҷ як чизеро дарк ва эҳсос карда наметавонад бинобар ҷамъ шудани ҳарорат дар ботин, карахт мондан ва барҳам хӯрдани ҳис. Баъд баъзе табибон он одамро дар оби хунук меандозанд, то ки аз ин ҳолат наҷот ёбад.
Меҳргиёҳро сӯхта, дудашро бигиранд, беҷо шудани ақл ва девонагиро дафъ мекунад.

  1. Зағир

Ин растании зироатӣ ва маълум аст, қадаш то 50—70 сантиметр мехезад ва камтар аз он низ мешавад. Гулаш бунафш, тухмаш дар куббае пур ва зич ҷой гирифтааст, қариб ба тухми кунҷид монанд аст.
Аз пояи он наҳҳо ҳосил карда, матоъ мебофанд. Либосаш дар гармои тобистон бисёр салқин медорад.
Мизоҷи растаниаш хунук ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: пӯшидани либоси зағирпоягӣ ҳарорати баданро дафъ, арақи баданро кам ва хушк мекунад; барои иллатҳои кӯтур, хориши бадан ва варами сахт фоида дорад; ин яке аз либосҳои одамони гарммизоҷ ва фасли гармо мебошад. Дар либоси ин папуш назар ба пӯшоки пахтагин камтар ҷамъ ва пайдо мешавад, зеро ки бар бадан хуб намечаспад, либоси ношустаи он хушккунанда мебошад хусусан дар зимистон.
Хоҳ наҳашро ва хоҳ гиёҳашро сӯхта дудашро бигиранд, гиреҳи мағзи сар ва зукомро мекушояд, ҳоли нохуши бачадонро ислоҳ мекунад.
Агар сӯхтаи инро бипошанд, хуни равони ҷароҳатро манъ мекунад ва захми онро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Инчунин даруни захмҳоро бо латтаи зағирпоягӣ пур кунанд низ, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ