Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мекунад, бодҳои сипурзро таҳлил медиҳад; дарди рӯдаҳо, истиско ва душвории шошиданро шифо мебахшад; ҳайзи бандшудаи занонро мекушояд, кулинч (колит)-и бодиро таҳлил медиҳад.
Агар инро хуб кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандшударо равон месозад.
Миқдори як бор хӯрдан аз райхони гӯши муши хушк дар як рӯз то 9 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 32 грамми онро дар об андозанд.
Вале ба дарун истеъмол кардани ин райхон ба гурда ва ҳичак зарар дорад. Давои ин зарарҳояш коснӣ ё тухми ҷилмангӯштак (семизут) хӯрдан аст.
Тару тозаи инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои балғамӣ, яъне варамҳои сарди мулоимро таҳлил медиҳад; бо тухми банг (кирмрезонак) даромехта гузошта банданд, варами хояҳоро мегардонад.
Агар ин райхонро бо мумравған даромехта гузошта банданд, печиши асаб, дарди пушт ва дарди шушро ба ибро меоварад; аммо бо асал сиришта бимоланд, мондагиро дафъ мекунад. Инчунин чанд бор разғанашро бимоланд ҳам, мондагиро аз бадан бармеоварад.
Ин райхонро бо сирко соида бимоланд, доғҳои кунҷидак ва балбӯии арақро дафъ мекунад. Ва ба он ҷои бадан, ки хун гирифта бошанд, инро бимоланд, асари захми онро нест мекунад.
Агар инро ба сирко даромехта гузошта банданд, заҳри қаждумро аз бадан хориҷ месозад.
Хушки инро дуд кунанд, ҷонварони заҳрнок аз он ҷо мегурезанд ва инчунин зарарҳои ҳавои вабонро дафъ мекунад.
Аз райхони гӯши муш равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Кӯфтаи тару тозаи онро фишурда, обашро дар зарфе рехта, аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим то обаш батамом бухор гаштан меҷӯшонанд. Равғани боқимонда — равғани райхони гӯши муш ҳисоб меёбад. Ин равғанро бимоланд, барои фолиҷ, қач шудани рӯй, кузоз (столбняк), ларзак, дарди нимсар ва дарди сари аз хунукӣ баҳамрасида даво мебошад. Ва агар инро нимгарм бичаконанд, гиреҳи даруни гӯшро мекушояд, гаронии гӯш ва бодҳои даруни онро дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор