Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Райҳон

Ин растании бӯстонии маълум аст, баргҳояш калонтар ва қисми резабаргҳояш ҳам мавҷуд аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳои майнаро мекушояд, варамҳои ҳамаи узвҳоро таҳлил медиҳад; дилтапак (дилбозӣ), сустӣ ва заъфи меъдаро шифо мебахшад, инчунин бодҳои ғализро таҳлил медиҳад.

Оби барги онро бо шакар ширин карда биёшоманд, дарди узвҳои даруни сина, дамкӯтаҳӣ ва сурфаро дафъ мекунад.

Райҳонро бихоянд ё оби онро дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши даруни даҳанро, ки пухтани даҳан низ меноманд, дафъ месозад.

Райҳонро як шаб дар об тар карда, баъд он обро биёшоманд, узвҳои баданро, ки гарм бошанд, ба сардӣ меоварад ва онҳоро қувват мебахшад.

Бӯндани райҳон дарди сареро, ки аз гармӣ бошад ва инчунин дар вақти сафар дарди сар ба ҳам расида бошад, таскин медиҳад; иллати ваборо дафъ мекунад. Аз бӯи райҳон ҷонварони зиёнкор мегурезанд.

Тухмаш барои ҳамаи мизоҷҳо форам аст, зеро ин дар мизоҷ мӯътадил мебошад.

Огоҳ кунем, ки кӯфтани тухми райҳонро ҳангоми таркиб додан бо дигар давоҳо, табибон манъ кардаанд ва инчунин барои табобат луоби он низ даво мебошад, вале ин қисмаш дар вақти кӯфтан барҳам мехӯрад. Инро муаллифони китоби «Кифояи мансурӣ» ва ғайра қайд кардаанд, ки дар кӯфтаи тухми райҳон қуввати манъкунанда ва қабзиятовар зиёд мебошад, ки кӯфтан онро ҳангоми исҳол истеъмол намоянд, раво мебошад. Беҳтар аст агар кӯфтаи онро бо шилми бодомҳо ҳамроҳ карда биёшоманд, бар зидди рафтани дарун хеле мувофиқ аст. Инчунин дар об ҷӯшонида, оби онро бинӯшанд ҳам, дар ин бобат хуб аст.

  1. Райҳони гӯши муш

Ин аз намуди райҳонҳои резабарг аст, ки баргҳояш монандӣ гӯши муш мебошанд, яъне баргаш монанди

пешина
аз 702
навбатӣ