Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
- Марҷон
Ин ҷисмест сахт, монандӣ дарахт поя ва шох дорад, ки намудҳои сурх, сафед ва сиёҳ дорад — дар зери об аз замин мерӯяд ба баландии то як метр ва зиёда низ. Шохҳояш барг ва самар надоранд. Беҳтарини он қитъаҳои бузурги сурхранг, ялаккосӣ, бесӯрох ва камгиреҳи он аст. Баъд аз он сафеди бо сифатҳои номбурдаи он мақом дорад. Сиёҳи он пасттарин навъи он мебошад.
Шох ё дарахти марҷонро рӯзона аз мабайни сангҳои зериоби дар як қатор баҳрҳо берун меоваранд.
Баъди берун овардан нури офтоб ва ҳаво ба он таъсир карда, сахт мегардад. Агар ин дар ҷойҳои чуқури баҳр рӯида бошад, чангакҳоро ба расанҳо баста, дар зери об ин тарафу он тараф ҳаракат медиҳанд, то он ки марҷон ба онҳо дармонад ва ҳамин тавр боло кашида канда мегиранд. Агар ин дар оби он қадар чуқур набуда бошад, гаввосон даромада, аз ҷояш канда берун меоваранд.
Мизоҷи марҷон дар дараҷаи дуввум сард ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: марҷон хусусиятҳои фараҳ бахшидан, қабзият кардан, хушк гардонидан дорад.
Хӯрдани он васвос, девонагӣ, саръ (парвона), дилтапак (дилбозӣ), сустии меъда ва вайрон шудани иштиҳоро дафъ мекунад; санги гурда ва ҳиҷакро майда карда меренонад; барои бемориҳои сипурз даво мешавад. Бавосирро нафъ дорад; хун қай кардан, хунравиҳои дигари гуногун, исҳоли хунин аз ҷигар ва аз ҳар узви дохилӣ, ки бошад ва инчунин захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳоро дафъ мекунад.
2,25 грамми онро соида, бо нисф вазни он шилми бодомро бо сафедаи тухми мурғ сиришта, бо оби хунук бинӯшанд, хунравиҳо ва хун қай карданро ба ибро меоварад, кӯтурро шифо мебахшад (агар марҷонро сӯхта, дар ин таркиб дохил кунанд, боз ҳам хубтар аст) ва хуни дар дил шахшударо таҳлил медиҳад.
Марҷонро соида бипошанд, гӯшти зоиди захмҳоро мехӯрад ва доғҳои захмҳоро аз пӯст дафъ мекунад.
Инчунин марҷонро сӯхта бипошанд, хунравиҳоро аз узвҳои берунии бадан манъ мекунад ва агар инро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор