Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ҳарорат, тезӣ ва тафсонидани сафро ва хун аст.
Агар инро пухта бихӯранд, асаб ва узвҳои асабониро қувват мебахшад, тавоногии чашмро меафзояд; барои дарди сари аз гармӣ, назлаҳо, варами забончаи ҳалқ, сурфа, табҳои гарму тез ва бемориҳои гурда даво мебошад, зеро ки табиатан худаш мувофиқи гурда аст.

Мошро муқашшар карда, бо равғани бодоми ширин кичирӣ пухта бихӯранд, моддаҳои солим дар бадан пайдо мекунад. Аммо барои табҳои сафравӣ бо барги чилмангӯштак (семизут), коҳу, чави кӯфта бояд, ки бипазанд. Мошро муқашшар нокарда бо туршак (щавель) пухта бихӯранд, дарунро мебандад.

Яке аз хусусиятҳои мош он аст, ки бо вуҷуди сардии мизоҷаш моддаи савдоро ҳаракат намедиҳад, ҳам барои мулоим кардани дарун ва ҳам бар бастани дарун фоида дорад. Аммо ҳар гоҳ дарунро мулоим кардан мурод бошад, бояд ки муқашшар карда, бо оби тухми маҳсар ва равғани бодоми ширин бипазанд, вале агар мақсад бастани дарун бошад, бо пӯсташ биръён намуда, баъд бипазанд ё он ки дар об ҷӯшонида, он обро рехта дур намоянд, то ки қуввати гарммизоҷӣ ва поккунандагии он дур шавад, сонӣ оби холиси дигар андохта, пухта бихӯранд.

Агар дарунро банд намудан бо паст гардонидани ҳарорат, ҷӯшиш ва фишори баланди хун мурод бошад, бо оби туршак ё бо оби анори турш, ки ҳангоми бо пардаҳои дарунаш будан кӯфта фишурда гирифта бошанд, ё бо татум ва равғани бодоми ширин бипазанд.

Мошхӯрдаи он аз моши муқашшар пухташуда барои сурфа ва назлаҳои гарм даво мебошад.

Вале хӯрдани мош барои одамони хунукмизоҷ, пирон, инчунин ба касоне, ки дар меъдаашон рутубат, моддаҳои мурдор ва бод бисёр бошанд, зарар мекунад, хусусан, муқашшари он; ба дандон ва боҳ ҳам зиён дорад. Давои ин барои одамони сардмизоҷ хӯришҳои хушбӯйи гарммизоҷ, монанди: занҷабил, дорчинӣ, зира, мурч, қаранфули гардан, ҳардал (горчица) ва ғайра хушбӯйҳои гарммизоҷ хӯрдан аст; вале барои гарммизоҷон онро бо оби тухми маҳсар, туршиҳои номбурда ва равғани бодоми ширин пухта хӯрдан аст.

Моши пухтагиро бо сирко хамир сохта, дар вақти

пешина
аз 702
навбатӣ