Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дарди бачадонро, ки аз ҳуқна кардан ба ҳам расида бошад, таскин медиҳад.

Гуфтаанд, ки агар се адад решаи онро бихӯранд, таби рӯздармиён ва чор адад решаи онро бихӯранд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Агар усораи барги инро бо 113 грамм шароб даромехта биёшоманд, табҳои тезро дафъ мекунад.

Решаашро бо намак кӯфта гузошта банданд, заҳри саги девона газидаро дафъ мекунад. Барг ва решаи инро кӯфта гузошта банданд ё хушкашро кӯфта бардавом бипошанд, захмҳоро аз рим пок месозад ва решҳои хабисаи кӯҳна, ҷароҳатҳои чуқуррафта, сӯхтагии оташ, нори форсӣ ва решҳои давандаи хӯрандаро шифо мебахшад. Агар инро бо сафедоб (белила) даромехта гузошта банданд, ҷамра (карбункул) ном реши мӯҳлик ва филпоро аз афзоиш манъ намуда, баъд дафъ мекунад.

Решааш ё баргашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад; мӯрчагазак, шаро (аллергия), сурхбод, варами пушти гӯш ва ханозер (ҳукгардан)-ро шифо мебахшад. Агар решаашро ба гардан овезанд ҳам, барои ханозер хуб таъсир мекунад.

Вале мегӯянд, ки истеъмоли ин ба дарун барои шуш зарар дорад. Барои дафъи ин зиёнаш асал бояд хӯрд.
Инчунин усораашро бихӯранд, ба сипурз зинён дорад — дар ин ҳолат мустако бояд биёшоманд, то ки зарари он ислоҳ ёбад.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст. Ба ҷои ин туршаки (щавели) бӯстониро истеъмол намоянд, раво мебошад.

Хосияти тухмаш монанди усораи барги он аст. Аз ҷумла 3,5 грамм аз ин биёшоманд, хунравиро аз қисми поёни бадан манъ мекунад.

Ин тухмашро тафсонида бихӯранд, исҳолро мебандад; агар бо равғани бодоми ширин ё равғани гулисурх чарб карда бихӯранд ё танҳо худашро дар об ҷӯшонида, он обро бо тухмҳояш якҷо биёшоманд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, хунравиҳоро, ки аз дарун бошанд, мебандад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то
10,5 грамм аст.

Ин ҷо ду калима аз бозёфтҳои худ дохил намоем.
Ҳар рӯз ба дили наҳор оби барги зуфро, яъне ним ё

пешина
аз 702
навбатӣ