Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

вале феъли он таркиб дар мизоҷ сардии бартар дорад бинобар зиёд будани моддаи ҷавҳари сардмизоҷ, монандӣ: афьюн, ки талҳии он аз ҷавҳари моддаи гарммизоҷ аст ва таъсири сардии он аз мизоҷи хунук доштани ҷавҳари он аст — ин қабил чизҳоро мураккаб-ул-қувват меноманд. Монанди инро ба таври сунъӣ ҳам сохтан мумкин аст, ки чун камтар сабирро (алоэро) дар дӯғи туршии миқдораш бисёр ҳал кунанд, албатта онро талх месозад, вале мизоҷашро гарм намегардонад. Пас ин тавр бо роҳи сунъӣ гарчанде мумкин бошад, чизе таъми ашёи дигарро вайрон ҳам намояд, вале мизоҷашро дигар намесозад. Аз ин хулосае бармеояд, ки муайян кардани мизоҷи давоҳо ва ғизоҳо ҳангоми бо якдигар даромехтан қоидаи қатъӣ намебошад. Зеро ки гоҳо мувофиқи хоҳиш ду чизи гуногунтаъмро бо ҳам меомезанд ва гоҳ дар як чиз ду таъм бо ҳам ҷамъ мегарданд, ки инро бадмаза ё бадтаъм меноманд, монандӣ: ба ҳам омехта гаштани таъмҳои талх бо қобиз дар ҳузаз ном давое; монандӣ: талх бо ширин — ин гуна чизҳо дар шӯразаминҳо мерӯянд ва инчунин оби баҳр ва уқёнусҳо аз ҳамин қабил аст. В ки таъми талх ва таъми тез бо ҳам якҷо мегарданд, ки ин гуна таъм дар асали аз ҳад берун пухташуда ва кӯҳнаи худ аз худ дарҷӯшомада мавҷуд аст, ё дар баъзе меваҳои шириниаш аз ҳад берун, ки таъмҳои туршӣ бо талхӣ якҷо омадаанд. Ё ки бодинҷонро гирем, дар он талхӣ, тезӣ ва қабз мавҷуд аст; дар коснӣ талхӣ ва бетаъмӣ бо ҳам мураккаб гаштаанд ва монанди инҳо, ки чизҳои се, чор ва панҷ таъмҳои якҷогаштаро доранд.

Масъалаи шинохтани кайфият ва мизоҷи як қатор давоҳо ва ғизоҳо бо воситаи бӯи онҳо низ мумкин аст.
Зеро бӯи тези қавӣ ба кайфияти гарми он далолат мекунад; бӯи сусти заиф ба сустии мизоҷ долл аст ва бӯи мулоим ба кайфияти мӯътадили он ишорат аст.
Вале ин усули муайянкунӣ нисбат ба дарёфтани кайфияти онҳо бо воситаи таъм, заифтар аст ва қатъӣ нест. Зеро бисёр воқеъ мешавад, ки бӯи чизе ба таъми он мухолафат дорад, монандӣ: баъзе гулҳои хушбӯй, ки таъми онҳо аз талхӣ ва тунҷӣ холӣ нест, ки кайфияти онро нишон диҳад.

Баъзе табибон гуфтаанд, ки бӯйҳои онҳо як қисми
сабукашон мебошанд, ки аз онҳо ҷудо гашта, ба ҳаво
дохил мешаванд ва инак ба машоми мо мерасанд. Ва

пешина
аз 702
навбатӣ