Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
меъда ва рӯдаҳоро, ҳатто кирми кадудонаро мерезонад.
Баргашро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бастан онҳоро мекушояд, бачаро дар шиками занони ҳомила мекушояд.
Пудинаро дар шароб пухта гузошта банданд, доғи сиёҳи пӯст ва иркуннасо (радикулит)-ро дафъ мекунад.
Пудинаро ё оби онро бо шароб биёшоманд, заҳрҳоро аз бадан хориҷ мегардонад.
Пудинаи хушкро ба ҷои газидан ҷонварони заҳрнок гузошта банданд, он ҷоро реш мегардонад ва заҳрро ба худ мекашад.
Пудинаи хушкро кӯфта ба ҷое, ки кирм карда бошад, бипошанд, кирмҳоро дафъ мекунад.
Ба дарун истеъмол кардани пудинаи наҳрӣ барои боҳ ва гурда зарарнок аст. Дар ин ҳолат катиро бихӯранд, ислоҳи зарари он мекунад.
- Забонгазак
Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон занҷабили обӣ низ меноманд. Зеро он бештар дар ҷойҳои обдор мерӯяд. Дар вақти онро бо дандон газидан гӯё забонро мегазад, яъне дар рӯи забон сӯзише пайдо мекунад.
Баргаш монандӣ барги бед, вале дар миёнаҷояш гӯё доғ дорад. Гулаш сурх ва монандӣ шаллаи мӯҳраҳои майда дар хӯша аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: Агар инро бихӯранд,
меъда ва ҷигарро гарм мегардонад ва ғизоро ҳазм мекунад.
Барг ва самарашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахти балғамии барҷастаро таҳлил медиҳад, доғҳои пӯст ва кабудии зери чашмро, ки аз хуни мурда бошад, дафъ мекунад.
Решаашро кӯфта, гузошта банданд, доғи кунҷидак ва ҳамин қабил доғҳоро, ки кӯҳна ва сахт шуда бошанд, башиддат дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки забонгазак дар як рӯз то 7 грамм аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор