Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

(талхӣ), ки дар ҷавҳари он аст, монандӣ сабир (алоэ), ҷадвор ва ҳар чизе, ки талх ва талхӣ дошта бошад, мувофиқи мартабаҳояш таъсир мебахшад.

Ё ки таъми шӯр он аст, ки нагазида, ба сатҳи забон нуфуз мекунад ва сатҳи онро сило медиҳад. Аз феълҳои он, яъне аз хислатҳои таъсирнокии он инҳоанд: кушодани гиреҳҳо, нарм гардонидани моддаҳои ғализ ва таҳлил додани онҳо, пок кардан аз моддаҳои нодаркор, канда ҷудо сохтани моддаҳои бегона, шустушӯ додан, манъ гардонидан аз бадбӯй ва дар меъёри мӯътадил гарм кардани бадан аст бинобар мӯътадил будани сохти ҷавҳари худ. Дар дигар хислатҳо ба таъми талх наздик аст ва ҳатто аз он занфтар мебошад, монандӣ намакҳо ва ҳар он чӣ дар он шӯрӣ мавҷуд бошад, ба мартабаҳои худ.

Ё ки таъми турш он аст, ки сатҳи забонро андак мегазад ва дар он нуфуз мекунад на танҳо аз чашиданаш, балки ҳатто аз тасаввури он оби даҳан меояд.
Аз феълҳои он: нарм гардонидан, канда ҷудо гардонидани моддаҳои нодаркор аз ҷон худ дар бадан, суст гардонидан, кушодани маҷроҳо ва гиреҳҳои узвҳо, пок сохтани даруни бадан, инчунин сардӣ ва рутубат пайдо мекунад бинобар сардмизоҷӣ, обоварӣ ва нозукӣ доштани ҷавҳари худ, монандӣ: сирко, оби меваҳои турш, оби ҷуғрот ва ғайра, ки дар он туршӣ мавҷуд бошад, бо мартабаҳои худ таъсир мебахшад.

Ё ки таъми тунҷ он аст, ки қисмҳои забонро ба ҳам кашида, ҷамъ, дағал ва сахт месозад. Аз феълҳои он: ғафс гардонидани моддаҳо, сахт сохтан, фишурдани узвҳо, нигоҳ доштани таркиби аслӣ, дурушт кардан ва хунук гардонидан аст бинобар сардӣ, тарӣ овардан ва бо сахтии ҷавҳари худ таъсир бахшидан, монандӣ:
мозу, ҷуфти балут (самари балут) ва ғайра, ки дар он тунҷӣ мавҷуд бошад, бо мартабаҳои худ таъсир мебахшад.

Ё ки таъми қобиз (гиранда) он аст, ки қисмҳои забонро ба ҳам меоварад, вале монанди таъми тунҷ ҷапден дурушт намесозад. Аз феълҳои он: ғафс гардонидани моддаҳои рақиқ, қабз (банд кардани дарун ва манъ гардонидани ҳаракати моддаҳои рақиқ), хушк гардонидан, ба иштиҳо қувват бахшидан ва сардӣ бахшидан аст бинобар сардӣ ва тарии мизоҷ ва хушкмизоҷӣ доштани ҷавҳараш бо мартабаҳои худ таъсир мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ