Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ва агар дар моддаи мӯътадилҳол таъсир намояд, дар он бетаъмӣ ба амал оварда, онро бетаъм месозад.

Пас, чизҳои тезтаъм дар мизоҷ гармтарин буда, моддаи танҳо чизҳои гарммизоҷ аст; баъд аз он талх-таъм мавқеъ дорад, баъд аз он — ширин; турш — сардтарин навъи таъмҳои моддаи танҳои чизҳои сардмизоҷ аст; баъд аз он таъми тунҷ ва баъд аз он қобиз мавқеъ доранд; бетаъм — мӯътадилтарини навъи чизҳои мӯътадилмизоҷ аст.

Ин ҷадвали ҳамаи навъҳои таъмҳо мувофиқи феълҳо ва моддаҳо мебошад.

феълҳо
моддаҳо гармӣ сардӣ қуввати мӯътадил
латиф
(нозук) тезтаъм турӯш чарбнок
касиф
(сахт) талх тунҷ ширин
мӯътадил шӯр қобиз
(гиранда) бетаъм

Аксари ин мартабаҳо дар аксари самарҳо, агар дар моддаи онҳо тарӣ ва нармӣ ғолиб бошад, хусусан дар ширинии онҳо ошкор ва зоҳир мегардад, масалан: ангур, анба (самари манго) ва монандӣ ин ҳар ду, ки дар аввали вақт бемаза, баъд ба эътибори сахтии моддаашон қобиз мебошад. Баъд аз он, ки андак нармӣ меёбанд ва дар онҳо гармӣ зиёдтар таъсир намояд, обият дар худ пайдо мекунанд ва баъди он, ки ҳарорат дар он боз ҳам зиёдтар таъсир намояд, тунҷи туршидор мегарданд. Рафта-рафта туршӣ афзун гашта, тунҷӣ мекоҳад, вале чун ба ҳолати мӯътадил бирасанд, ба ширинӣ моил мегарданд. Оҳиста-оҳиста шириниашон меафзояду туршӣ дар онҳо мекоҳад ба дараҷае, ки ширин мегарданд. Ва агар дар онҳо рутубат бисёр бошад, баъд аз тамоман пухта шудан чун ҳарорати ноқис гардаду ҳарорати берунӣ дар онҳо асар кунад, аз нав турш мегарданд. Агар моддаи онҳо чандон нозукӣ надошта бошад, вале ҳарорати аз берун дохилшаванда қавӣ бошад, онҳоро ё тезтаъм мегардонад ё талх месозад.

пешина
аз 702
навбатӣ