Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дафъ мекунад ва решҳои римнокро, ки дар ҳар ҷои бадан бошанд, ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Агар бо муддамаэт онро дар оташ гарм карда, каме сирко низ бар он пӯшида, бо он гармбандӣ кунанд, иллатҳои сипурз, истиско ва газидани ҷонварони захнокро даво мешавад, варамҳоро мегардонад, рутубати равони ширмонанди решҳоро қатъ мегардонад, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад; агар онро бо асал даромехта, гармбандӣ кунанд, инчунин кӯфта, бо асал хамир карда гузошта банданд, захмҳои чуқуррафтаро сиҳат мекунад.

Решаи хушки онро кӯфта бипошанд, бар устухоне, ки дар натиҷаи иллате луч гашта бошад, гӯшти солим мерӯёнад, захм ва решҳои чуқурро ба ҳам меоварад, инчунин бадбӯии захмҳо ва захмҳои бедаворо ба ислоҳ меоварад.

Агар ин решаро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, сахтии бачадон ва мақсадро шифо мебахшад, инчунин иллатҳоеро, ки аз сардӣ ба амал омада бошанд, дафъ мекунад. Ва бо ҳамин об хукна (клизма) кунанд, иркуннасо, бадбӯии бавосир ва захмҳои чуқуррафтаи ботиниро дафъ менамояд; аз носурҳо, яъне аз решҳои кӯҳнаи бедаво гӯшти ҳаромро мебарад ва ба ҷояш гӯшти солим мерӯёнад.

Ин решаро кӯфта, бо асал хамир сохта, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад ва агар ин таркибро дар мақсад бардоранд, кирмҳои рӯдаҳои ростро мерезонад.

Равғани онро ба узвҳои чинкакшуда, ки сабаби он беморӣ ҷамъ шудани балғам бошад, бимоланд, ислоҳ мебахшад ва агар ба мақсад бимоланд, даҳани рагҳои бавосирро мекушояд ва хуни бандшудаи онро равон мекунад. Ва агар инро бо сирко ва ё бо шароб даромехта биёшоманд, чинкак шудани аъзоро, ки аз афзудани балғам бошад, шифо мебахшад, мушакҳои даридаро ба ҳам меоварад. Аз хӯрдани занбӯруғи захнок, банг, кашинизи девонакунандаи кӯҳӣ заҳролуд шуда бошанд, низ ин равғанро бо сирко биёшоманд, аз сифати заҳрҳои онҳо наҷот медиҳад, инчунин табҳои хунукхӯронанда ва ларзонандаро дур месозад. 25 грамм аз ин равған бихӯранд, дару

пешина
аз 702
навбатӣ