Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

нафас гирифта наметавонад, шифо мебахшад; дардҳои ҳалкум, шахшӯлӣ ва сахтии сипурзро дафъ мекунад. Агар ин обро бо шаҳдоб (асалоб) бинӯшанд, зардобро аз бадан хориҷ месозад, истискоро шифо мебахшад, ҳиҷакро аз рутубатҳои часпак пок мекунад ва ташнагиро таскин медиҳад.

Решаи инро бихоянд, бӯи арақро, ки нӯшида бошанд, аз даҳон нест мекунад.

Баргашро кӯфта гузошта банданд, бар зидди газидани ҷонварони заҳрнок даво мебошад ва аз оби гарм сӯхтагиро ҳамон дам ба ибро меоварад.

Равғанеро, ки аз решаи ин тайёр карда шуда бошад, дар гӯш нимгарм чаконанд, дарди гӯшро сиҳат мебахшад.

Решаи хушки онро маҳин кӯфта бипошанд, нохунаки чашм ва гӯшти зоиди дар пилкҳои чашм пайдошударо дафъ мекунад.

Решаашро дар равғани гулисурх ҷӯшонида, он равғанро бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад. Ва агар ин равғанро бихӯранд, бемориҳои бачадонро сиҳат мекунад.

Ин решаро бо сирко дар зарфи мис ҷӯшонида бимоланд, захмҳои кӯҳна ва ҷароҳатҳоро шифо мебахшад.

Гулашро бибӯянд, дил ва майнаро қувват мебахшад, хушҳолӣ меоварад, бодҳои майнаро пароканда месозад, дар ин бобат аз заъфарон қавитар аст. Инак, барои иллати беҳушшавӣ беҳтар аз заъфарон аст.

Шароби савсан барои газидагии ҳамаи ҷонварони заҳрнок даво мешавад.

Синфе аз савсан, ки дар соя ҳам мерӯяд ва гулаш зарди майдатар аст, решааш ба андозаи ғафсии ангушт мебошад, хушбӯй, бо каме талхӣ дар таъм, ки ин аз савсанҳои сафед ва кабуд қавитар мебошад, вале заифтар аз савсани кӯҳист. Мизоҷи гулаш гармтар аз ҳамаи қисмҳои дигари он мебошад.

Решаи инро бихоянд ё онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Барг ва гулашро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳоро сиҳат мегардонад. Барг ё решаи онро пухта, бо шароб хамир сохта гузошта банданд, варамҳои балғамиро таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои напазандаро,

пешина
аз 702
навбатӣ