Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Решан бепӯсти ширинбияро реза карда, дар об то қувваташ ба об гузаштан биҷӯшонанд. Баъд онро соф намоянд, то он ки дар он таҳшин намонад, баъд аз ин боз то ғафс гаштанаш онро биҷӯшонанд — ин рубби ширинбия номида мешавад.
Мизоҷи рубби ширинбия дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он дар ҳама ҷиҳат беҳтар ва қавитар аз решааш мебошад. Агар инро ба дарун истеъмол намоянд, зарари давоҳои исҳоловар ва сӯзандагии онҳоро дафъ мекунад.
- Савсан
Ин растанӣ намудҳои гуногун дорад: гулаш сафед, бунафш ва зард, ки ба ҳама маълум аст — даштӣ (кӯҳӣ) ва бӯстонӣ мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи аввал гарм ва дар тариву хушкӣ мӯътадил аст. Ба қавли баъзеҳо мизоҷи сафеди бӯстониаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст ва баъзеҳо дар саввум гуфтаанд, аммо мизоҷи кӯҳии он назар бо бӯстониаш гармтар ва хушктар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он бемориҳои шуш, дардҳои гуногуни сипурз, ҷигар ва бачадонро шифо мебахшад; барои бавосир ва ханозер дору мешавад, беҷо ва бисёр равон шудани ҳайзро манъ мекунад, захмҳоро ба ҳам меоварад ва римашонро ҳам нест мегардонад. Вале ин гиёҳро ҳангоми истеъмолаш ба дарун бо асал, ки афзункунандаи қуввати он аст, бояд биёшоманд.
Решан инро кӯфта, бо асал хамир сохта бимоланд, доғи сафеди пӯст ва песро ба муддати шаш моҳ дафъ мекунад; кӯтури решгашта ва решҳои тарро шифо мебахшад. Инро бо сирко ё бо барги банг (кирмрезонақ) ва орди гандум хамир карда гузошта банданд, варамҳои гарми хояро таҳлил ва сӯхтагии оби гармро даво мебошад, инчунин бо орди ҷав хамир карда бардавом гузошта банданд, низ ҳамин таъсирро дорад.
Бо оби ҳар як қисми ин растанӣ рӯйро бишӯянд, доғи кунҷидакро дафъ мекунад.
Як миқдор оби решаи савсан, панҷяки вазни он сирко ва асал гирифта, дар зарфи мис то ғафс гаштанаш

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо