Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Оби биҳиро дар оташ қивом кунанд, ин рубби биҳи ном дорад.
Мизоҷи рубби биҳии турш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст. Ва агар инро бихӯранд, моддаҳоеро, ки аз дигар ҷоҳои бадан ба узве рехта мешаванд, манъ мекунад; қай ва исҳоли сафровиро қатъ месозад ва намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз ҷоҳои дигари бадан ба сар бароянд; ташнагӣ, тафс, дарди меъда ва рӯдаҳоро, ки аз моддаи мавҷуда бошад, таскин медиҳад. Агар инро бо оби барги наъноъ биёшоманд, беҳузур шудани дил ва қайи сафровиро манъ мекунад. Вале ин ба шушҳои суст ва ба одамони мубталои сурфа зарар дорад.
Рубби биҳии ширин аз ҷиҳати мизоҷ дар гармиву сардӣ қариб мӯътадил аст, вале хушкӣ дар он ғолибтар, яъне бештар мебошад назар ба рубби биҳии турш, хусусияти қабзкунандагиаш ҳам камтар аст ва дар дигар хислатҳо монандӣ он мебошад. Ин барои одамони узвҳои даруни шикам ва даруни синаашон заиф назар ба рубби биҳии ширин форамтар аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз рубби биҳиҳои ширин ва турш то 70 грамм аст.
Гули тару тозаи биҳӣ аз ҷиҳати мизоҷ мӯътадил дар гармиву сардӣ мебошад, андак қуввати қабзкунандагӣ дорад. Агар инро бихӯранд, дарди сар ва туғёни ҳарорати баданро таскин медиҳад; дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад.
Агар аз гули биҳӣ мураббо тайёр карда бихӯранд, узвҳои даруни сина, дил, узвҳои даруни шикамро қавӣ мегардонад; тапидани дилро, ки сабабаш гармӣ бошад, шифо мебахшад ва баромадани бухорҳои зарарнокро ба майна манъ мекунад.
Мева ва барги онро кӯфта, бардавом гузошта банданд, варамҳои гарми чашм ва дигар узвҳоро таҳлил медиҳад, ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба узвҳо рехта шаванд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Низ барги онро кӯфта гузошта банданд, захмҳоро хушк мекунад.
Пашмаки рӯи самари биҳӣ ба халқ ва овоз зарар дорад. Агар инро бипошанд, хуни ҷароҳатро мебандад.
Аз биҳӣ равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ: Биҳиро муҳарро пухта, оби онро фишурда гирифта,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо