Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

найча пуф кунанд — ҳамаашро дафъ мекунад. Агар гузошта банданд, бавосирро шифо мебахшад.
Онро бихӯранд, ранги рӯйро неку мегардонад; дилтапак (дилбозӣ) ва зардпарвинро шифо мебахшад; меъла ва узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, қавӣ месозад; асабҳоро қувват мебахшад: боҳ ва иштиҳоро бармеангезад, захмҳои меъдаро сиҳат мекунад ва бодҳоро пароканда менамояд.
Чун ин пиёзакҳо бо об соида, дар зарфи сафолӣ бар рӯи оташ гузоранд, рутубаташ макида гардад, баъд гирифта ҳар рӯз ба дили наҳор камакак аз он бихӯранд, барои қавӣ сохтани меъда ва дафъ кардани сӯзиши сари меъда, ки сабабаш бадҳазмӣ бошад ва инчунин бадбӯии даҳонро, ки вобаста ба меъда бошад, яъне бо ширкати меъда бошад, дармон мешавад.
Агар оби онро дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро дафъ мекунад.
Онро бимоланд, дандон ва милки онро мустаҳкам мегардонад, даҳонро хушбӯй месозад, захм ва бӯи бади даҳонро дафъ мекунад.
Хушки инро кӯфта бипошанд, ба решҳои тари кӯҳна гӯшт мерӯёнад, барои дардҳои сард, ки аз ҷамъ шудани бод бошанд, даво мешавад. Агар инро пай дар пай гузошта банданд, низ бемориҳои номбурдаро шифо мебахшад.
Кӯфтаи онро бо зифти санавбар сиришта бимоланд, ҷӯшишҳои пӯсти сарро сиҳат мекунад.
Инро дар об ҷӯшонида, бо он об рӯйро бишӯянд, гунан рухсораро соф мегардонад.
25 грамм пиёзаки сафеди саломалекро дар 300 грамм шароб ҷӯшонида, 25 грамм аз он бинӯшанд, ҳамаи намудҳои кирми меъда ва кирмҳои дигари шикамро (ҳатто кирми кадудона — солитёр)-ро дафъ мекунад.
Агар пиёзаки саломалекро бо решааш истеъмол кунанд, қуввати онро вайрон мегардонад, ба ҳалқ ва овоз зарар дорад — дар ин маврид шакар бояд хӯрд, ки ислоҳи зарари он намояд. Ба шуш ҳам зиён мекунад, дар ин ҳолат арпабодиён бихӯранд, зарараш ислоҳ мегардад.
Агар ин пиёзакҳо аз меъёр зиёда бихӯранд ва ё бардавом истеъмол намоянд, хунро месӯзонад, иллати

пешина
аз 702
навбатӣ