Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

шидати чӯшиши моддаҳои сафро ва фишори баланди хунро паст мегардонад, қайро таскин медиҳад, меъда ва ҷигари гармро қавӣ менамояд, иштиҳоро ба таом бармеангезад, исҳолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад.

Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад.

Дӯлонаро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад ва сурхбодро шифо медиҳад.

Вале агар дӯлонаро аз ҳад зиёд ва бисёр бихӯранд, ба гурда зарар дорад, иллати кулинҷро (колит-ро) пайдо мекунад, меъдаро заиф мегардонад. Дар ин маврид арпабодиён ва гулканд бояд бихӯранд, то он, ки зарараш ислоҳ ёбад.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби меваи дӯлона то 90 грамм ва аз гӯшти мевааш то 55 грамм аст.

Ба ҷои дӯлона себи туршро истифода баранд, раво мебошад.

Мизоҷи дӯлонай сурхак, ки навъи майдаи он аст, ба мизоҷи дӯлонай калон-калон наздик аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун қай кардан, аз дарун хунравӣ, инчунин қайро манъ мекунад; пуштро қавӣ мегардонад, иллати фил-поро нафъ дорад.

Зарар ва миқдори ошомиданаш монандӣ дӯлонай калон аст.

  1. Заъфарон

Ин торҳои гули растанӣ мебошад, ки монандӣ гулҳои маҳсар аст, бисёр хушбӯй. Рангаш зарди тираи моил ба сурхӣ, вале чун маҳсар хор надорад. Баргаш монанди барги ёсамин ва пиёзакаш монанди пиёзаки наргис аст. Дар миёни гули он се-чор торҳои заъфарон дорад.

Ин растаниро аксар дар Кашмир, Эрон, Испания ва ғайра мамлакатҳо месабзонанд, дар мамлакати мо фақат дар нимҷазираи Абшерони Республики Озарбойҷон воқеъ, мерӯёнанд. Беҳтарини ҳамааш кашмирӣ, баъд аз он эронӣ ва сонӣ испании он аст, вале озарбойҷониаш камбӯй ва заиф мебошад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро ба дарун истеъмол

пешина
аз 702
навбатӣ