Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

тифлонро ба ҷояш мебарад. Инро кӯфта, бо асал хамир сохта, гузошта банданд, доғи обиларо дур мекунад. Ин тухми анорро сӯхта, бо асал сиришта, ба сина ва меъда аз рӯ бимоланд, хунравӣ ва хун кай карданро манъ мекунад. Бо обе, ки дар он тухми анор ҷӯшонида шуда бошад, бо бӯдодаи ҷави муқаш- шар ва биринҷ — ҳамаро якҷо дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хукна кунанд, исҳол, харошида шуда- ни сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад; бо ин об мақъадро бишӯянд, хуни бавосирро манъ мекунад ва бемориҳои мақъадро даво мебошад.

Гули анор дар хислатҳои тиббӣ монанди гулнори форсӣ аст. Агар хушки онро кӯфта бипошанд, хуни буни дандонро қатъ мекунад, ҷароҳатҳоро ба ҳам меоварад, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебах- шад, даридани пардаҳои шикам (ҷурра, дабба)-ро сиҳат мекунад. Агар инро дар об ҷӯш дода, он обро дар даҳан гардонанд, дандонҳои ҷунбонакро сахт ме- созад, хуни аз милки дандон меомадагиро нигоҳ ме- дорад, ҷӯшиши даҳанро шифо мебахшад.

Гули анорро бо барги тарӣ ангур якҷо кӯфта, ба сари меъда аз рӯ гузошта банданд, иллати бисёр кай карданро ба ибро меоварад.

Оби гули анорро бо гулоб даромехта, дар чашм ҷаконанд, рехта шудани моддаҳои зарарнокро ба чашм манъ мекунад ва варами онро таҳлил медиҳад; агар бо оби сағангур ё оби барги зуф бичаконанд, зах- ми сӯрохи закарро, ки сӯзок меноманд, шифо мебах- шад; рутубати онро хушк мекунад ва моддаҳои зарар- нокро намегузорад, ки ба закар рехта шаванд. Агар инро бо оби соф даромехта бичаконанд, харошидагӣ ва хоидагии кафш ва мӯзаро ба ибро меоварад ва милкаки нохунро ҳам дар вақти ибтидо бошад, сиҳат мебахшад; бо сирко даромехта бимоланд, сурхбодро дафъ мекунад.

Пӯсти тари анорро кӯфта, фишурда обашро биги- ранд ва онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи пӯсти анор меноманд. Ин дар хусусият баробари гу- ли он аст.

Чун ҳафт адад ғунҷаи ношукуфта онро даст нарасонида фурӯ баранд, дар муддати як сол ба тани он кас пучак барнамеояд, дарди чашм намемерасад.

Чун анорро дар об то муҳарро шуданаш биҷӯшонанду 15 грамми онро бо оби ҳамон анор ҷӯшонидашуда

пешина
аз 702
навбатӣ