Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Хислатҳои шифобахши он: оби анори майхушро, ки бо ҷирмҳои дарунаш фишурда гирифта бошанд, аз 150 то 300 грамм бо 70 грамм шакари нав биёшоманд, барои дафъ кардани моддаи сафро бо исҳол ва қув- ват бахшидан ба меъда даво мебошад; табҳои сафро- ӣ, зардпарвин, кӯтур ва хоришро дафъ мекунад — дар ин хислат монандӣ халилаи зард аст.
Чун оби анори майхушро дар зарфи мис ба кивом оваранду бимоланд, барои шилпукӣ, кӯтур ва қавӣ гардонидани чашм давои хубест, инчунин ҷароҳатҳои кӯҳна ва хабисаро шифо мебахшад.
Мизоҷи анори турш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро сахт мекунад; тафс, гармии меъда ва ҷигарро таскин медиҳад; ҷӯшиш ва фишори баланди хун ва сафроро паст мегардонад ва ба меъда рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад, пешобро меронад, намегу- зорад, ки бухорҳои зарарнок аз поёни бадан ба майна бароянд ва дуднокии онҳоро дафъ месозад. Хумор, кай ва дилтапакро ба ибро меоварад.
Вале инро аз ҳад зиёд бихӯранд, рӯдаҳоро захмин мекунад, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад. Агар баъд аз таом бихӯранд, ба мағзи сар баромадани бу- хорҳои зарарнокро манъ мекунад. Инчунин ба одамо- ни хунукмизоҷ зиёнкор аст, қуввати ҷозибаи ҷигарро заиф мегардонад, инчунин қуввати боҳро суст меку- над. Дар ин ҳолат анори ширин, сир ва занҷабил бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Оби анори туршро ба чашм кашанд, барои ноҳу- нак ва сурхиҳои он дору мешавад. Ва агар оби онро дар даҳан гардонанд ва муддате дар он нигоҳ доранд, захмҳои раддӣ ва бадфноли онро манъ мекунад. Ин оби анори туршро дар зарфи мис бо асал хуб ҷӯшо- нида, онро дар даҳан гардонанд, решҳои хӯрандаи да- руни даҳанро шифо мебахшад.
Оби ин анори туршро то ғафс шуданаш биҷӯшонанд, ки ғафс гардад, инро рубби анори турш меноманд. Рубби анори туршро бо асал даромехта чақонанд, решҳои даруни бинӣ ва дарди гӯшро ба ибро меоварад. Инро ба решҳои хабиса гузошта банданд, сиҳат мегардонад, гӯшти зоидро низ дур мекунад.
Анори туршро бо пӯсташ пухта гузошта банданд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо