Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мидан худ ба худ дар ҳамон ҷо сахт мегардад; 3. Он ки бо оташ бипазанд, шах мегардад. Беҳтарини шилми санавбар он аст, ки рангаш сафеди моил ба зардӣ бошад ва бӯи санавбар аз он шамида шавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст. Мизоҷи навъи оташдидаи он гармтар аст аз оташн.- дидаи он.
Хислатҳои шифобахши он: 2,25 граммашро бо зардАН тухми мурғи нимпухта ва ё бо обе, ки дар он са-бӯси гандум ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, барои сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ ва ҷароҳати тари шуш дар-мон мешавад. Агар ин шилмро бихоянд, сурфаи тарро дафъ мебошад, моддаҳои зарарнокро аз майна каши-да берун мегардонад.
Шилми санавбарро монанди тамоку рӯзи аввал як дафъа, рӯзи дуввум ду дафъа, рӯзи саввум се дафъа бикашанд, барои сурфа, дамкӯтаҳӣ ва захми шуш да-вои аҷиб мебошад.
Чуз латтаро ба ин шилм олонда, дар офтоб хушк карда, бемории зукоми сард, таби дурӯздармиён дуди онро бишаманд, ҳамон соат таскин медиҳад.
Инро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад; барои дафъ кардани хориш, кӯтур ва дағалии пӯст дармон мебошад; агар бо гул-нор якҷо кӯфта, гузошта банданд, даридани рагҳо, ин-чунин носурҳоро ба ибро меоварад; баробари вазни он тухми зағир ҳамроҳ намуда, кӯфта банданд, озах-ҳои овезони мақъадро, ки табибон аз илоҷи он оҷиз омада бошанд, дафъ мекунад; инчунин барои кафида-ни пӯсти пойҳо доруст, бавосирро дафъ менамояд ва барои ислоҳ кардани қаҷии нохун таъсири хуб ва пур-рае дорад.
Чун як ҷузъ шилми санавбар, зарнихи сурх (сернистый мишяк), саргини заргӯш, равғани буз — аз ҳар се нисф ҷузъ — ҳамаро соида, дар оташ гудохта, курсҳо бисозанд, ҳар як курс 2,25 грамм бошад. Дар вақти ҳоҷат як курсро бо оташи мулоим дуд кунанд ва дуди онро бо воситаи найча ҳар рӯз се бор ба дарун бикашанд, барои сурфа ва захми шуш давои хеле хубе мебошад. Чун як ҷузъи онро дар рӯи оташ гудохта, баробари вазни он тухми зағир, нисф вазни он сафедоби қалай (оловяная белила) дар он андохта, аз оташ фуруд оваранд, барои ба ҳам часпонидани даҳани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо