Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
эрақи баданро дафъ мекунад. Агар дар он об то ноф даромада нишинанд, бемориҳои макъадро ба ибро меоварад.
Оберо, ки дар он баргҳои ин дарахт ҷӯшонида шуда бошад, дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Онро сӯхта, занҳо хунро батакрор ба лудаш бидоранд, ҳамроҳаки тифлро хориҷ мекунад, ҳайзро равон менамояд.
Қатрани инро бимоланд, мӯйи рехтаи мижа ва абрӯро мерӯёнад, барои гудохтани барҷастагии гӯшти чашм аз тарафи бинӣ дору мешавад; барои обравӣ, камқувватии чашм, шилпукӣ ва кӯтури он даво мебошад.
Барги тарашро кӯфта гузошта банданд, хунравиро аз ҷароҳатҳо манъ мекунад.
Чӯбашро реза карда, дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад, инчунин дар даҳан нигоҳ доранд ҳам, ҳамин асарро дорад.
Пӯсти решааш бандкунандаи дарун ва хушккунанда аст. 9 граммашро кӯфта бихӯранд, исхолро мебандад, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад. Кӯфтаи инро ба сӯхтагии оташ ва аз оби гарм, бипошанд, зуд ба ибро меоварад; ва агар инро бо оби гарм хамир сохта гузошта банданд, дарди узвҳои латхӯрдаро таскин медиҳад.
Мизоҷи дона, яъне тухми санавбари калондарахт дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум тар аст. Қувваташ то як сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: агар мағзи донаи инро бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад, иштиҳоро мекушояд, асабҳоро қавӣ мегардонад, узвҳои баданро мустаҳкам мекунад, гиреҳҳоро мекушояд, шиддати бодҳои тезро мешиканад; барои иллатҳои фолиҷ, қаҷ шудани рӯй, катарактӣ, кузоз (столбняк), ларзак, захмҳои шуш, дарди буғумҳо, ки аз сардӣ бошанд, бемориҳои ҷигар, зардпарвин, истиско, дарди гурда ва ҳичак, ки сабабаш ҷамъ шудани сафрои сӯхта бошад, шифо мебахшад.
Агар инро кӯфта, бо асал хамир сохта, ҳар рӯз 14 грамм аз он лесида бихӯранд, фолиҷ ва ларзакро шифо мебахшад: барои бемориҳои шуш ва пок намудани ин узв аз ахлоти ғафсгашта, покизагии гурда, дур кардани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо